Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Отряд бедор шуд; ҳар кадом, ки ҷо-ҷо ғунча гашта ва ё дароз кашида, қадре фароғат карданӣ буданд ва гўшу ҳушашон бедор буд, парида хестанд.
Аспи роҳ низ сайҳа кашид, кишна кард ва садои даҳанаву овезаву оҳанакҳои инон омад. Баъд сурфаи савор баромад, ки огоҳ аз омад мекард. Ў аспро боздошт. Фуромад аз асп ва ҷилав кашид.
— Кӣ меояд?
— Худӣ! Мулло Тош!
Командир ҳайрон шуд. Ба пиёда рафта, савор омадани ў ҳайрон шуд ва рухсат дод пеш ояд...
Командир рухсати пеш омадан дод, аммо ба ҳарфи ў бовар накард. Чӣ хел аспи Норбекро пайдо кардани ў шубҳаангез буд.
Ҳарчанд Мулло Тош мегуфт, ки Норбек ба даст афтида, ба шиканҷа кашидаанд, мурда ва ё зинда буданаш маълум нест... бовар накарданд. Вай ҳамаро ном ба ном гуфт ба командир. «Дастаи Қаҳҳорча» гуфт, ҳамроҳи бародараш Нуралӣ гуфт... дўсту душманро фарқ накардани онҳоро низ гуфт; Қашқоӣ рафта, дар Шўрча камин гирифтанашонро гуфт... бовар накарданд ба ў.
— Аспи Норбекро чӣ хел ёфтӣ?
— Дуздидам...
Боз бовар накарданд. Беаслиҳа карданд, дастонашро ишкел заданд ва ба аспи Норбек нишонда, гуфтанд, ки биравад ва ба дастаи Қаҳҳорча ахбор барад. Нарафт. «Бовар накунед, одами дилпур фиристед» хоҳиш кард ў. Ғазаби командирро овард ин ҳарф:
— Мо медонем чӣ кор карданамонро!
Мулло Тош аз эътибор соқит шуд. Касе бовар надошт, ки ў аспи Норбекро дуздида, шабҳангом ба ин ҷониб раҳ сипарда бошад. Гумон он аст, ки сохта ва фармуда корҳои Мулло Тош.
Мирзо Аҳё аз командир рухсат пурсид, то дар танҳоӣ бо Мулло Тош пурсу посух бикунад. Хеле фикр кард командир ва розӣ шуд, то натиҷаву нияти эшон бифаҳмад. Мулло Тош ба Мирзо Аҳё он чи буд, гуфт. Ў низ чун командир бовар накард ба ҳарфи Мулло Тош, ки якранг мегўяд; гўё тўтивор омўхта бошанд. Чунин ҳол шубҳаи командирро афзуд ва фармуд, ки Мулло Тош аспбонӣ бикунад, дигар ба коре муносиб нест.
Мулло Тош аввал ғамӣ гашт, сонӣ шод, ки ба куш ҳукм мешуд, чӣ мекард. Инак аспони бесоҳибро бонӣ мекард, ки ё соҳибонашон фавтида ва ё он аспон ғанимат афтода буданд. Мулло Тош аспонро ҷилавпордум баста, аз дунболи отряд корвон мекашид ва худ дар аспи сиёҳмушкини Норбек савор, ҳазору як хаёл аз дилу мағз гузаронида, ба чархҳои тўпи ғелон, ки аспе мекашид, назар афканда, гўё чизеро намедид ва чизеро фарқу дарк намекард. Лангар дод сум задани асп. Мулло Тоши надидарўзгор худ ба худ месўхту афшурда мегашт, ки чаро бовар намекунанд ба ҳарфи рост.

пешина
аз 421
навбатӣ