Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Командир андеша дорад, ки чаро ҷангад ва барои кӣ? Зеро ў оламро гирад ҳам, аз они ў нашавад. Дунё боз ба дунёдор монад.
Дар ягон вақт деҳқон киштаи худ нагирифт ва ҷанговар мулки ишғол кардаро... Командир як чизро хуб донад: дар байни дастаҳо низоъ бояд андохт, онҳоро аз ҳам дур бояд дошт, онҳоро зидди якдигар бояд ангехт.
Холиқулу Қаҳҳорча гўё ҳимоя мекунанд Ватанро ноогоҳ аз якдигар. Аммо намедонанд, ки аз кӣ ҳимоя кунанду бо кӣ созиш. Алҳол онҳо чизе намефаҳманд. Ҳамин қадар медонанд, ки кофир пой ниҳода ба ин кишвар, онҳоро зери пой ва кофир гардондан хоҳанд, чунон ки Николай карда буд. Овоза, ки мардуми Кўҳистонро озод карданианд. Аз чӣ, аз кӣ, касе надонад... Гўё танҳо командир донад мақсади чунин ҷангҳоро, озод кардани мардумро. Албатта озод мекунад отряд; аз худашон эшонро озод мекунад. Ба назар мардуми Кўҳистон он қадар нотавон ҳастанд, ки худашон илоҷи ҳимояву саришта кардани хештанро надоранд, насибаи хеш аз зиндагӣ канда гирифта натавонанд; худро нашиносанд, ҳуқуқашонро надонанд; ҳаққу ҳуқуқи сар бардоштану овоз доданро ҳам надоранд, моли хешро сариштаву истифода карда натавонанд; барои хок андоз диҳанд, барои оташ андоз диҳанд, дудпулӣ диҳанд, барои об пул диҳанд ва мондааст, ки ҳавои тозаву бепулро ғуборолуд кунанд, то барои ҳавои тоза низ андоз диҳанд...
Бори амонат ҳастанд мардуми Кўҳистон, вале Худо он қадар ба сарашон бор андохта, ки сар боло карда натавонанд, боло кунанд, сар бозанд... Инак ҷидду ҷаҳд барои он аст, ки кўҳистониён аз зери бори гарон озод бошанд, аммо балои дигар сарборӣ шавад бар дўшашон...
...Командир гўё дигар чиз медонад: мардуми Кўҳистон ва халқи тоҷик зери шиканҷа; ҳуқуқи инсонӣ надорад, мутеъ аст, як халқи меҳмондўсти меҳнаткаши некдил ва ҳар кӣ ба хокаш пой ниҳад, «хайра мақдам» гўяд ва ягон-ягон шўридасарон ёфт шаванд, ки муқобилат кунанд ба душман, дигар ҳама рамаи гўсфандро монанд...
Сиёҳие намуд аз ҷониби Қашқоӣ. Зери ширмоҳтоб мисли хори мағелон буд пеши бод, пасон моҳи тираву гирифта тофт. Наздиктар омад, ёзид сўи осмон ва чун равшан гашт – аспеву саворе. Бо роҳи ҳамвори Дашти Малла пеш меомад, бехабар аз гирудори дунё. Командирро ҳайрон кард рафтори ў. Китф дарҳам кашид.
«Ки бошад?» Аз қадамзанӣ монд командир, паҳлўи беди сари ҳавз бунак гирифт. Панҷтира рост кард он сў ва нигарон шуд, ки савор куҷо равад, чӣ кор кунад. Касеро бедор накард. Тир парронад ҳам, натарсанд аскарон; одат кардаанд. Саворро шинохта нашуд. Моҳ аз паси сари ў нигоҳ мекард, ба рўяш соя афтида буд. Раъша давид дар тахтапушти командир. Аз зери дарахтон аспе шиҳа кашид.
Командир он сў гашт, ки шояд омадани савор рамзӣ бошад ва балое хезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор