Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

...Ва он сўй ба сари бора баромад дастаи муҳофиз. Отряд аз паси он таъқиб мекард, аммо намеёрист ба сари бора барояд, зеро пиёдаҳои муқобил паси шахчаҳо шинак гирифта буданд, санг меандохтанд ба роҳи танги зери бора. Отряд дар ин соҳил туфанг устувор мекард. Командир паси шахчаи аз замин руста ҷой шуда ба Баранов мегуфт, ки агар тўп то он соҳил расад, парронад, вагарна ҳоҷат нест, зеро душман аз масофагирии тири тўп огоҳ мегардад ва оянда ба он нигоҳ карда кор мебарад. Командир ба Мирзо Аҳё ишора кард, ки пас-паси ҷаркан наздаш биёяд. Мирзо Аҳё Нуралиро ба ҳоли худ гузошта, назди командир рафт. Баранов он ҷониб шинак гирифта парронд. Тири тўп ба лаби ҷарӣ расида, ба фазо пош хўрдани сангу хок диққати ҳамаро ҷалб кард ва муддате дида нашуд, ки паси дарахти азими ғубор чӣ рухдодест...
...Вале дар ин соҳил коре шуд: аз ҷониби Кошона саворе пуршаст омада, чў бузкашон ба замин хам хўрда, дар този асп Нуралиро аз замин бардошт уқобвор ва ҷилави аспро гардонда, сина ба қоши зин андохта, дудаста вазни Нуралиро дошта мекўшид пеши зин гирад. Зўр зад-зўр заду ресмони дастбастаи ўро ба қоши зин андармон кард. Нуралӣ ҳаракат дошт, ки аз қоши зин дорад.
Савор имон дошт, ки кораш барор мегирад. Пои Нуралӣ аз замин канда шуд. Савор шамшер ёзида банди пои бастаро буррид ва пойҳои ў кушода шуданд. Савор пой аз рикоби рост баровард, то Нуралӣ пой гузорад. Нуралӣ пай бурд нияти ўро ва бо мадади савор пой ба рикоб даровард ва аз савор пурсид, ки банди дастонашро низ кушояд. Савор банд бибуррид. Нуралӣ як даст дар қоши зин, дасти дигар бар дўши савори бар зин парчингашта, зўр зада худро пушти зин гирифт... Савор лигоми асп раҳо карда, рон афшурд ва асп чаҳорнаъл гашт...
Қаҳҳорча буд ин савор. Бародарашро аз асирӣ раҳо кард ва сўи Киштўд гурехт... Гўё надиданд аскарони сурх ўро. Ҳуши ҳама ба чанги тўп буд ва Мирзо Аҳё гирифтори сухани командир ғофил монд аз ин кирдор ва баъд гап шунид...
...ва он тараф дар паси чангу ғубори тўп даста фирор кард:
саворон боло гурехтанд ба роҳи Дашти Қозӣ ва пиёдаҳо ба сойи Вешист.
Отряд сару сомон карда аз пули ларзони Дашти Қозӣ гузашт ва дар баландии соҳили рости Зарафшон ҳама ҷоро аз назар гузаронд. Кошона метофт аз он ҷо, дашти Шўрча то сои Варзи Канда метофт, аммо инсоне наметофт. Ба Дашти Қозӣ даромад отряд, талафоте аз ҷанги сари пул надода буд ва онро ҷанг ҳам намедонист, гўё озмуне буд барои тарсонидан ва ё барои рамуз гирифтан...
...ва вақте ки отряд ба Дашти Қозӣ даромада ҷуз гўсфанди таги девлох, чанд мурғи гурезон, куртаи хўсабастаи сари бом, сагони ҷаккон чизе ё касеро надид, хурсанд шуд, вале ба андеша рафт, ки чаро мардум ватан ҳимоя накунанд, сари оштӣ надоранд, гурезанд...

пешина
аз 421
навбатӣ