Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

хонахез кўч банданд. Командир барои сабаб донистан рў ба Мирзо Аҳё овард, вале Мирзо Аҳё, ки барои гурехтани Нуралӣ аз командир сарзаниш дида буд, ба сухани ў зуд ҷавоб нагуфта китф дарҳам кашид ва сар андохт. Командир пай бурд, ки на танҳо мардуми деҳа, балки миёни аъзои отряд низ норозигиҳо ҳаст.
— Кӣ донад сабаби ин корро?!
Ба ҳама рў овард командир. Касе ҷавоб нагуфт. Командир пеши пояш нигарист, пасу пеш қадам зад ва якбора ҷаҳл гирифт:
— Отря-ад! Саф каш!
Тапар-тупур ҳар кас ба радду ҷои хеш саф кашид. Командир пас гашт, гўё рамуз мегирифт, ки касе миёни эшон ҷосусӣ дорад...
Ва Мирзо Аҳё аз кори ў ҳайрон, пиндорад, ки барои гурехтани Нуралӣ чунин кунад. Зеро командир намедонист, ки асирро кӣ рабуд. Аммо медонист, ки чунин кор беҳуда нашавад, сирре ҳаст:
— Мулло Тош! Як қадам ба пеш!
Мулло Тош як қадам пеш баромад.
— Мулло Исрофил... Мирзо Аҳё... Азими Раҳим...
Онҳо пеш баромаданд. Отряд ду қатор шуд. Пасон командир сухани аввалро такрор кард:
— Ку, бигўед, чаро халқ ҷою ҷалолашро партофта мегурезад?
— Тарсад!
— Аз кӣ тарсад, Мулло Исрофил?
— Аз мо!
— Чаро?
— Мо зўр!
— Мо зўр бошем, таслим шавад, сар фарорад, лекин мегурезад... Кӣ мегўяд, барои чӣ?
Ҳар сухани ўро Мирзо Аҳё тарҷума мекард, вале касе ҷавоб намегуфт.
— А, Мулло Тош, чаро?
— Аниқ намедонам.
— Тахминан...
— Тахминан... Қатли оми Чорбоғ...
Командир ба андеша рафт, ки ў чӣ коре кард, аммо хулосааш он буд, ки хато накарда, балки роҳи дуруст буд ин роҳ барои тарсонидани чашми мардум. Ў боз пеши саф қадам зад; фикр дошт, ки ин ҳарфро гўяд ё нагўяд... ва роҳи тўлониву вазнин ўро аз ин андеша боздошт:
— Чӣ бояд кард?
Савол барои ҳама буд, аммо касе ҷавобе нагуфт. Онҳо ҳайрон буданд, ки чаро командир одамони маҳаллиро саф ҷудо кард, аммо чизе намегўяд, наход барои пурсидани ҳамин ҳарф онҳоро аз отряд баровардан шарт бошад? командир боз пеш мерафту пас, ангуштон бозӣ медоронду мушт мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор