Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ТУҒРАЛ
КИТОБИ САВВУМ
Кардам ғалате, хайма задам дар Ҷайҳун,
Бод омаду кард хаймаро сарногун.
Лайлӣ мегирист ба ҳоли зори Маҷнун,
Санго ҳама лаъл басту дарё ҳама хун.
Халқӣ

СИЯҲОБ

Ва он замон, ки мардуми Кўҳистон аз шохобҳойи шати Зарафшон оби зулол мехостанд, рўд гилолуд, симобранг, гоҳе нуқрафом, гоҳе хунолуд, оне хокистарзада ва баъзан хокӣ ҷорӣ мешуд. Вобаста ба он, ки имрўз дар кадом минтақайи Кўҳистон абр гиристааст.
Ва ё кадом нигор дар сари чашмае рух шустааст. Мардуми водӣ, бавижа бошандагони наздики пасобҳо хеле мехостанд, ки ҷуръае оби тоза ва болаззати Нимичро нўш кунанд, ки аҳён-аҳён вақти яхбандиҳо чунин медиданд. Танҳо Сияҳоби беруни Самарқанд ва наҳраки дарёободи Саразм, ки аз миёни дору дарахти сияҳбеду газгулу ангат ва санҷиди зоғак убур мекард ва ниҳоят дамкарда ва ором ҷорӣ мешуд, софу беғубор буд. Он ҳам аз шати Нимич буда зери замин, аз чашми полойи регӣ гузашта, софӣ мешуд, вале он лаззату сардиву гуворойие, ки сароб мебахшид, надошт. Сарму гарм буд ва фач. Ба иборайи дигар: хом ва намакашро регу гил ҷафида гирифтааст. Вале обе, ки аз зери Кўҳандиж ё дижи Деваштиҷи Суғдиёншаҳр фаввора зада мебарояд, таъму лаззати дигар дорад. Ин фаввора дар саргаҳи шаҳри Панҷакат воқест, ки низ дар тўли таърих борҳо хунранг гашта. Аҷнабиён ҳаваси ин оби рўҳбахшро карда, борҳо хун ба чашма омехтаанд. Ҳавасашон зиёд бегонаҳоро, чунон ки ҳаваси Искандари Мақдунӣ ба Оби Ҳаёт.
Атрофи мадрасайи Шердор, майдони Регистони Самарқанд ва роҳи дарвозайи Панҷакати рў ба Тайлоқу Боғи Зоғон ва Ургут сангфарш буд. Наъли суми асбони фавҷи ёрирасони сарфавҷи артиши Рус полковник Шатенин ба сангҳо бархўрда, шарора мепошад ва садову шарфайи ғайрирасмӣ ба миён меорад; мардуми кўҳистонро ошно ва роҳнавардони водинишин ва аз сарзамини хокӣ омадаро ноошно. Вале онҳо аз рўйи харитайи ҷуғрофӣ ҳама ҷоро хол ба хол медонанд. Полковник Шатенин чармипўш, кулоҳаш низ чармийи дар пешонааш ситорайи сурх дорад ва дигарон латтакулоҳ пўшида, ки низ чунин ситораҳо доранд. Артиши Сурх, аскарони сурх. Ҳама чиз ба ранг хунсифат мегардад. Садойи ба сангҳо бархўрдани наъли асбон нофор расад баъзеро, ки сари зин ғанаб кардан доранд. Асбони хаста низ хоболуд сум мезананд ва гўшҳояшон хамида. Дар тамузи тобистон магасҳо низ ором нагузошта, миёни фавҷ роҳ ёфта, савору савораҳоро безобита мегардонанд.

пешина
аз 421
навбатӣ