Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ва асбон баробари ба баногўш наздик шудани магасҳо гўш меафшонанд, то ҷонваракони хунхор дур шаванд. Замона чунон ки ҷуз хунхорӣ кори дигаре нест. Гўё маънийи таърих хунрезист. Хун нарезӣ, накушӣ, насўзӣ, ғорат накунӣ, набарӣ, хароб накунӣ таърих нахоҳад шуд. Аз ин рў то имрўзҳо манғитиён хун мерехтанд, акнун русҳо сар мекунанд. Туғрали ин роҳро зиёд паймуда чунин хаёл мекунад ва ҳолиё асбоби ба ин даста кашида шуданашро хуб намедонад.
Сарҳанг Шатенин чандон эътибор надод ба суоли шоир, боз чашм пўшида ба муроқиба рафт. Аз беэътинойи ў шоир малул гашта андаке инони тазарвро кашид, то аз ў дуртар бошад. Зеро коҳидарўҳ метобад.
— На. Мирзоазим чунин накунад. Зеро ў аз худо тарсад. Мирзоазим аввал бояд бидонад, ки дўсти душман кист. Пасон ба кўрпа нигоҳ карда пой ёзад.
Садойи суми асбон пинакрафтаҳоро бедор кард ва сутуронро ҳушёр. Вале шоир малул гашт: «Худоё, кифоя набуд он ҳама тартумартҳо, ин ҳама бедодиҳо, ки боз балойи дигар овардӣ? Худовандо!
Эрод гирифтанам камоли бехирадӣ, аммо чаро ҳар кӣ шамшер ба даст гирифт, сўйи Шарқ тозад? Асал дорад? Шакар дорад? Ту донӣ, ман нодонам… аз ин рў сабабашро нафаҳмам.»
Аз куҷое садойи чуғз омад ба гўшаш. Сахт расид Туғралро, ки туғрали баландпарвоз куҷову чуғзи вайронахоҳ куҷо? Табъаш хира шуд мисли он ки вақтҳойи охир аз вайронийи ҳаво ва тағйири он баданаш ланҷ мешуд ва хуши корӣ надошт. Ҳоло дар рўзи равшан ва ҳавойи хуш садойи нобаҳангоми мурғи наҳс омад ва танашро ларзонд; сараш низ гиҷ шуд. Ин ба д-он монад, ки тани марзу буми гоҳи лашкаркашиҳойи аҷнабиён чунин ба ларза меомад ва кишвар чанд гоҳ сукут меварзид. Бисёр хондаасту шунидааст ва медонад шоир; ситезҳойи навинро бо чашмонаш дидааст; медонад, ки ҷуз замин ҳеҷ сайёрае натавонад бардоштан чунинонро.
Аммо дар андеша, ки баъди сари ў чӣ рухдодҳое мешаванд, ки ў надонад. Албатта аз рўйи хондаву донистааш дунё дар як қарор нахоҳад монд ва касе сутуни миёни осмону замин нахоҳад шуд.
Ҳама чиз даргузар бувад, вале шоҳон, амирон пиндоранд, ки намирандаанд. Чунон ки Искандар, чунон ки Афросиёб, чунон ки Заҳҳок, чунон ки араб, чунон ки Чингиз, чунон ки амирони манғитӣ ва Олимхон ва… На, ҳолиё барвақт дар хусуси русҳо ва сараскарони онҳо сухан гуфтан. Амир Насрулло аз дасти Негасагхонум мурд, Музаффарро куштанд, Абдулаҳад мурд, амир Олим…
Ҳоло барвақт дар борайи ў ҳукм кардан…
— Ман дар Бухоро касеро нашиносам. Китобам бо дастгирийи Муҳамадҷони панҷекатӣ чоп шуд. Аз фарғариён ду дўст дорам:
Мулло Шарифу Мулло Раҷаб. Агар дар Самарқанд дер монам, ё сўҳбати равшанфикронро пазмон шуда бошам, назди онҳо меравам, ки базми шеър меороянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор