Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чунон ки шуморо арза доштам: ҳама бояд ҳамвора ва якмаром зиндагӣ кунанд; ба гуфтайӣ шумо монанд.
— Хитрий, шоир.
— Чӣ хел?
— Гуфтайи худамро ба худам бозмегардонӣ.
— Охир андешайи ман аз аввал чунин. Дунё ду ранг дорад; сапеду сиёҳ, ман хоҳам, ки ин ду ранг мисли хайру шар зидди якдигар набошанд.
— Маҳлул шаванд?
— На. Агар маҳлул гарданд, сиёҳ сапедро бихўрад. Он гоҳ забун гардад ҳама чиз. Ҳатто офтобу моҳу ситорагон, оташ низ.
Ва зулмот ҳукмронӣ кунад ва Аҳриман худовандӣ.
— Дарёфтам фикрҳойи туро. Ту, шоир, ҷуз худат касеро дўст надорӣ.
— Чунин нест, рафиқ Шатенин. Ман мардумони неки шуморо низ дўст дорам ва бадонашро дида натавонам.
— На, ту касеро дўст надорӣ, ҳатто бародаратро.
— Чунин фикр ба сари шумо аз куҷо пайдо шуд, рафиқ Шатенин? Магар касе…
— На. Ман рўҳшинос ҳастам. Дилу ҷигари касро озод мебинам.
Нақибхон дигар баҳс накард. Донист, ки ситорааш ба ў рост наомада. Ё касе газофу дурўғ бофта ба номаш. «Агар на, кӣ гуфта ки Туғрал ба як каси ношинос ҳамроҳ гардад ва то Фарғар равад; тарҷумонӣ кунад. Рафиқ, Шатенин! Рафиқ Шатенин!» Касе нашунавад садойи ботинӣ ва хаёлийи ўро, Беихтиёр каф ба лабон бурда, пок кунад, ки шояд дар куҷое чизе дар ҳаққи онҳо гуфта бошад. На, дар ҷое чизе гуфтанаш ба ёд наояд. Магар ки заминхоҳони волости Фарғар аз ў ранҷида бошанд баройи замин нагирифтанашон. «Аввал ин ки заминро ман намедиҳам, дигар ин ки Фарғар ҷуз шаху сангу кўҳ замине надорад, ки ҳамаро таъмин кунад. Агар замини ин ҷо мисли замини Самарқанд фарох мебуд ва ҳама заминҳойи ҳамворро манғитҳо соҳиб намегаштанд, шояд ба мардуми мо ҳам замин мерасид. Дар сари шах хона созад, дар санглох зардолу шинонад, шахро кофта, мурдаашро гўр кунад
– шомӣ… Боз фўкаш чухт, ки дар дунё аз онон мардуми ҳалол, росткор ва сапеддил набошад. Ба касе маҷоли сухан гуфтан надиҳанд. Кам-кам чуғулӣ доранд. Дар рўятон як чиз мегўянд, аз пасатон чизи дигар».
— Рафиқ Шатенин, шумо ҳоло мардуми моро намедонед.
Баъзейи онҳоро ба ҳайвонҳо лақаб гузоштаанд: акка, зоғ, рўбоҳ, гўшдароз… шояд якейи инҳо чизе нодуруст фармуда бошанд?
Солори гурўҳ чизе нагуфт. Андеша дошт. Туғрал рафтори ўро мушоҳида карда аз гуфта пушаймон шуд, ки рафторе, ки ў дорад, суханашро ғараз дониста, нодуруст маънидод мекунад.

пешина
аз 421
навбатӣ