Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман ба шумо фаҳмониданӣ, ки ҳама рус якранг ва ҳама тоҷик якрў нашавад.
Баргашта нигоҳ кард Шатенин. Гўё ки ба хадуки шоир расонда бозӣ мекарда бошад, боз ба пеш нигарист. Ва фармуд:
— Зери ҷомаат кайк даромад?
Ин бор шоир посух надод ва ҳарфи ўро таҳлил мекард, ки беҳуда чунин нагўяд. Вале буғзи ҷавонмарди рус ғаши шоирро меовард.
— Рафиқ Шатенин, то Фарғар ду-се чизатон мегўям, аммо малол намегиред.
— Бигў, ҳозир бигў, то дер нашавад.
— Ба чӣ дер нашавад?
— Ин ҷанг аст. Кӣ донад, ки чӣ шавад.
— Хондаам: «Аслиҳайи низомӣ дар ҳар ҷо, ки дурахшид, адолат аз он ҷо мегурезад.»
— Яъне?
— Яъне, замона нотинҷ аст ва аз ҳар дўсту душман ҳар гуна иғвою дасиса расад. Ва шумо бовар накунед. То набинӣ, нашунавӣ, ба гуфтайи ағёр бовар накун, гуфтаанд..
— Шоир, ҳама гуфтаҳойи дигаронро меорӣ, худат чӣ мегўйӣ?
— Ман хоставу донистаамро дар ашъорам гуфтаам. Баъд аз сарам мехонанду мефаҳманд.
— Баройи мо чизе бихон.
— «Охир, эй гардун, задӣ санги маломат бар сарам, Зери пойи бешуурон поймолам кардайӣ!» — Инаш тўҳмат.
Касе чизе нагуфта дар ҳаққи ту.
— Мо ҳоло дар ҳамвориҳо мегардем, болотар равем, ҷуз сангу харсангу шах чизе нест.
— Ин чиз ба сўҳбати мо чӣ дахл дорад?
— Муҳити танг назари касро низ танг гардонад.
— Пас чаро назари ту фарох?
— Ман дар муҳити Самарқанд тарбият ёфтаам, ки фарохтар бувад.
— Ҳааа-а…
— Боз фарохтар назари шумо бувад, ки аз сарзамини беканор омадаед.
— Ҳааа-а…
Аз чунин таҳдор мадд кашидани Шатенин шоирро аҷаб омад.
Зеро ў пай бурда буд, ки марди рус буғз ё кинае дорад, истиҳола аз гуфтанаш мекунад. Нақибхон аз он ки дар чойхонайи Боғи Зоғон нишастанд, то ҳол дуздида-дуздида ба ин марди малламуй менигарад ва андеша дорад, ки ягон раги бегона дорад: «Руси тоза нест.» Аммо гуфта наметавонад ва ё намепурсад. Зеро хеле пуркина ва бадгир метобад ў. «Роҳ тўлонӣ, лозим шавад, гўяд».

пешина
аз 421
навбатӣ