Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо ҷанги сагон дигар: хашму ғазаби зиёд доранд чун каси аз зиндагӣ норозӣ ва тамоми гарониий рўзгор ба сараш афтода.
То аз банд раҳо карданашон ба чашми якдигар нигоҳи хунталабона карда, ҷаставу ҳамлавар гашта дўғу пўписа мекунанд ва зўру тавони душман, рақиб, ҳариф ва ё паҳлавони рў ба рўйро муайян карданӣ мешаванд, то ба дойирайи довталаб рақс накунанд. Ғур мегўянду ъур, мекунанд гўшҳойи бурида чур, ёл мебардоранд ва думи кўтоҳ бозӣ медоранд ва баъзан аз хашму ғазаб, нерўйи батангомада ва ё тарсу ҳарос замин чангу ханҷол зада пас меандозанд. Баъзейи онҳоро соҳибонашон базўр идора мекунанд; гўйӣ раҳо кунӣ, ҳарифро зинда фурў барад. Дигарон аз рўйи эҳсос тамошо кунанд, Нақибхон маъниҳойи зиёд мебардорад. Ба назари ў ҳайвонҳо на, балки касони ба ҳам кинагирифта ва ё душманони дерин ҷанг мекунанд.
Чанд ҷуфт сагон ҷанг карданд қад ба қаду сина ба сина шуда; ҳамдигарро ба пештана зада, ғелонда; гўшу лабону даҳони якдигарро хунӣ карда; ду нерўйи ғазабкарда баробар ба боло қад ба қад ҷаста, чун паҳлавонон дастон ба гардану китфи ҳам гардонида, ҳаллук андохта, ба чапу рост гардондаву хобонданӣ шуда, кўшиши зиёд мекарданд; дандон ба гардани якдигар зада дер нигоҳ медоштанд; ё зер меомаданд ё забар. Ҳамин ҳаракатҳойи ҷонканӣ, ҳила ба кор бурдан, зўрӣ кардан ва ё бо нерў ва ё найранг аз чангу дандони якдигар раҳо ёфтан хўву хислати одамиро мемонд. Аз ин рў зиёдтар ҷалб мекард диққати Нақибхонро ва ў гоҳ завқ мебурду гоҳ ба ғазаб меомад, ки одамӣ найрангбозтарини ҳама гуна ҷонварон бувад.
Чашми ў ба Алопар афтод, ки нав аз байни одамон гузашта ба майдон омада буд. Ба майдони танг, ки тамошобинон торафт ҳалқаро тангу таранг карда, аз эҳсосу ҳаяҷон ҳар гуна ҳаракат мекарданд, ки ба ҷойи он ё ин саг бошанд, чунину чунон рафтор мекарданд; ба дасту пой, баъзан бо даҳону дандон нишон медоданд чӣ кор карданашонро.
Офтоб механдид.
Забони сурхи сагон кашол. Қариб замин месойиданд. Ҳаллос мезаданду дилак. Аз нўки забони аз миёни ашкҳойи тез кашолашон хун, хуноба ва луоб мешорид. Дилак зада забон кашол карда, гоҳ-гоҳ онро фурў кашида, тоза мекарданд, чун нафасашон тангӣ кунад, боз раҳо мекарданд. Забони гургонаашон хунин метофт.
Вале Алопар ҳоло мушоҳида мекард. Саги нисбат ба дигар сагон бузургу дасту пою гардану каллааш шерона андешаманд метофт чун инсон. Чун дигар сагон ҳавасакӣ ва сабук набуд; ҷасту хез, бардорузан намекард, балки ҳайрон-ҳайрон менигарист ба дигар сагон ва ҳар касе, ки ноҷову бемаврид ҳаракат мекард, сахт завқ мебурд ё бо лафзи қабеҳ саге ё соҳиби онро дашном медод ва ё сахт мегуфту сахт меомад.

пешина
аз 421
навбатӣ