Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ҳама гуна ҷунбишҳо менигарист Алопар, вале ҳангома, ҳавас ва қаҳру ғазабаш ҳувайдо набуд; дар дил таҳаммул мекард ва чӣ андеша дошт, худаш медонист; забон, ки надошт, чизе гуфта наметавонист; баъзан дум меликконд. Ба Нақибхони хеле бо рағбати зиёд нигарон ин корро кард.
Нақибхон, ки рў ба рў меистод, аз давра баромад. Алопар дида медўхт ба ў. Давр гашта аз пушти тамошобинон омад ва ҷое, ки Алопару навҷавони ба ин корҳо номувофиқ меистоданд, наздик шуд. Аз байни касон роҳ ёфта базўр гузашт ва дар паҳлўйи навҷавон истод. Сарафзори бокарру фарр ва гарданбанди киройи дидан надошт Алопар, чунон ки дигар сагон доштанд. Ба назар дигар сагон ҷангро касб медонанд, вале Алопар бори аввал меояд; гарданбанди кўтоҳи мўйина, ки худи кўҳистониҳойи молдор аз пашми буз метобанд; сетоба. Зеби ў чунин. Боз ду тасмайи бўрранг аз сари китф то думғоза кашол ёфта ба ранги зардчайи Алопар ҳусн зам мекунад. Пойи росташ аз зону поён сафед. Гўши чапаш бўру гўши рост зарди баланд. Шояд аз ин рў Алопар бошад. Таки шикамаш таги дили моҳӣ барин. Шояд Алопар ном гирифтанаш аз ин рў низ бошад. Нақибхон дар куҷое дида ин сагро:
«Саги куҷо?»
«Саги Куруд.»
Бале, дида. Аммо соҳибашро надида. Навҷавони бетаҷрибайи камғайратро. «Сагро ҷанг наандоз. Даҳони хунину гўшҳойи чок, пўсти даридайи гардану чашми кўри сагҳоро дидӣ? Ҷанг наандоз!»
Фиғон мекунад дили шоир, вале гуфта наметавонад, ки ҳазор тарафдор пайдо мекунад; ба ў дармеафтанд носеҳони беандеша. Ва шояд бойиси пархош ва вайрониву ба ғавғо мубаддал гаштани ид гардад. «Сарашу равғанаш. Ба ин қабил касон нағзӣ намефорад. Як сухани росту дуруст бозиро вайрон кунад. Инҳо аз куҷо донанд, ки сагро озор додан раво набувад; ҳатто сахт гуфтан, пўписа кардан, хўроки сўзон додан, устухони оҳанин партофтан, задан, аз хона рондан ва ё куштан гуноҳ аст. Ба вижа саги ҳомиларо озор додан ё калтак задан гуноҳи азим… Сагатро кашида бар!» На, гуфта наметавонад. Ҳоло чунин бигўяд, баробар ба ў механданд ва бо ангушт менамояндаш, ки саг чӣ ҷонварест, ки онро тараф гирӣ?
«Мисли ин кўҳҳойи Зарафшон сокиту ором будан рафтори нек бувад. Хомўшӣ ҳам гуфтори нек аст. Он чӣ аз дил мегузаронаму намегўям, пиндори нек. Инҳо аз куҷо донанд, ки дар радифи ин се «асл» дар борайи саг ҳам андешайи нек аст. Бачча, сагатро кашола карда рав!» На, гуфта наметавонад Нақибхон. Феъли саг ба соҳибаш маълум. Дармеафтанд.
Он ҷониб саги сиёҳи якранги хирссурат беқарор аст ва аз чашмонаш оташ меборад. Яқин бо Алопар гўштӣ гирифтанист.
Соҳибаш хандон ва ба ҳампаҳлўяш гардан каҷ намуда саргўшӣ мекунад ва ба Алопар заҳрханда.

пешина
аз 421
навбатӣ