Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боз тиррончак, маро носеҳ гашта «ба ҳурмат нарӣ!» мегўйӣ. Аз даҳонат бўйи шир, аз эзорат бўйи гу меояд. Ҳе бар зотат қусур! Акнун думата хода бикун!»
Вале Пардайи норозӣ аз чунин муомила тез-тез ба ҳамроҳонаш менигаристу ишораҳо мекард, то ситезанд ва ба сари шоир бирезанд. Ва ин замон мардуми деҳ огоҳ аз кирдор гашта як-яку ду-ду, сегонаву чоргона аз хонаҳо бурун омаданд ва бистгону сигон гаштанд ва баробари дидани онҳо бо ишорайи Парда хушекатиҳо нишеб шуданд шебро.
Аз пеш дастайи дигар сарболо меомаданд аз ҷониби Варзи Ванор ва кас намедонист, ки кистанд. Чун саги Сиёҳи гарданбаста ҳамроҳашон буд, хушекатиҳо шодмон гаштанд, ки ҳамдиёриҳо ба кўмаку ёри меоянд ва шояд довталаб бошанд, аз нав сагон ба ҷанг монанд. Чун наздик шуданд, курудиҳо буданд. Ва акнун ҳамаро мону амаро гўй, хушекатиҳойи олуғдаву аламдор сагро баҳона оварда, часпиданӣ шуданд ба курудиҳо. Зеро онҳо мусаллаҳ ба ҷанг омада буданд, вале курудиҳо аз тамошойи Наврўз мегаштанд.
«Ин саги кист?»
«Саги шумо.»
«Чаро мебаредаш?»
«Чун Алопар ноҷавонмардона бо Сиёҳ ҷангид…»
«Чӣ хел ноҷавонмардона?»
«Ғофилгир кард.»
«Шумо низ ғофилбар карданӣ?»
«Мо бурда аз нав ҷанг монданӣ, то бинем…»
Парда дод зад:
«Шумо ҳам аз он диёр-дия… Сагро дуздидед!»
«Чӣ хел, мо як нафару ду нафар нестем-ку? « «Ҳамаатон дузд!»
Нафари базардаву базарбае пеш омад:
«Худата надаррон, бачча. Сагатро мурда пиндошта, гурехта рафтӣ, сагат зинда будааст, мо хунашро шушта, бекас намонад, дайду нашавад, гуфта ҳамроҳ овардем. Лозим бошад, бигир! Мо зори саги ту нестем!»
«Шумо дузд! Шумо муттаҳам!»
«Мо аз чӣ муттаҳам?! Аз кӣ муттаҳам?»
«Сагро дузидед!»
«Кўр нестӣ, ки мо ҳамроҳ мебарем! Чизи дуздиро пинҳон карда мебаранд! Бигир! Сагатрову худатро…»
Ва ҷанг шуд. Алами Исо аз Мўсо гирифтанӣ шуда ба калтаккорӣ ва мушту гиребон шуданд. Ва чун курудиҳо дар даст саркўбе надоштанд, рў ба санги кўҳистон оварда якбора хам шуда аз канори роҳ сангҳоро бардоштанд ва ба сару миёну пой ва ҳар ҷое рост омад, кўбиданд.

пешина
аз 421
навбатӣ