Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сарзеру ғелон карданд аз адир ва Сиёҳро сангсор карданду аз паси онҳо ба ҷарӣ андохтанд…
Аз миён фурсати тўлонӣ нагузашта ин манша ба ҷанги қабилавӣ бадал шуд, пасон ба оварди ду деҳа ва баъд ба пархоши Фарғар ва сонӣ ба талоши водӣ ва ошўбҳойи халқӣ. Нооромиҳо аз ин ҷо ибтидо гирифт. Таборҳо орият карданд, мир пайдо шуд, марзҳойи хурд-хурд ба миён омад чун заминтақсимкунӣ; чуғулӣ, ҷосусӣ, ғаммозӣ ва дасисаҳову даюсиҳо шуд; марзрову бумро ва касонро фурўхтанд ба як пули пуччак… Мардум чизе омўхтанд ва баъзеҳо суд бардоштанд аз чунин рафтор.
Ҳолиё низ омўхта шудаанд ба д-ин кор; мебаранду меоранд ва рўз мегузаронанд.

ШАРБАТ ё ОБИ ТАЛХ
(Худоё, чаро оби даҳонам ин қадр талх аст?)

Ва баъд шаби никоҳ азоби зиёд кашид…
Зодагон баройи он духтарро Истам ном гузоштанд, ки баччамур буданд. Истам зинда монд ҳам ба ҷойи писару ҳам ба хотири даргузаштагон. Нозгунҷ ва писармизоҷ ҳам шуд. Ва суханаш рад намешуд. Аз ин рў ба хоҳиши зосуниҳо розӣ шуданд ва духтарро ба Нақибхон номзад карданд. Аммо зодагони писар чандон майл надоштанд, ки модараш нарзо нест ва баччамур аст. Ин як баҳонае буд. Дар асл Бобохон мехост, ки писарро аз ягон хонадони бонуфуз духтар орад. Чун Нақибхон баройи падар аз дигар писарон нозгунҷтар ва илмдор буд, аз ин рў Бобохон чандон рўйинатанӣ накард. Аммо шаби издивоҷ аз карда пушаймон шуд:
Гўё духтар гаҳворабахш доштааст. Баъди дидани Нақибхони хушқомат ва хуштарҳу хушгўй ду пой ба як мўза андохтааст, ки ҷуз шоир каси дигарро нагирад. Ва он шаб, ки Нақибхон ба таги чодар даромада, ҳамроҳи арўс ойина диданду шарбати васл хўрданду пойи якдигар ҷуста, пахш карданд, азоби сахт кашид:
тарафдорони ҷавони гаҳворабахш пойандози шоҳиро миёни чатани шаҳ рост карда, ўро маиб гардониданӣ шуданд. Вале зосуниҳойи омада ва ёру ҷўраҳо ва чаҳор бародарони домод озодаш бардошта аз дар ворид карданд. Гоҳи баромад, ки ҷавонони курудӣ аз нангу номус домодро лат дода, арўсро аз пушти зини асп чаппа карданӣ шуданд ва роҳҳоро бастанду то наздики Зосун азоб доданд, димоғи ҳама сўхт. Бародарони шаҳ Мансурхону Акобирхон калтакҳо дар даст сари чанде аз довталабонро зада кафонданд. Ба назар ҳамон шаб дилмондагийи тарафайн шуд: «Чаро нагуфтед, ки гаҳворабахш дорад?» Духтар, ки ҳамон гаҳворабахши сагбозро нахост, кор ранги дигар гирифт. Вале касе гумон намекард, ки кор то хун мерасад. Падари духтар Авази деҳқон деҳдорӣ гуфта ба ҷангу бонг ҳамроҳ нашуд, аммо аммайи Истам ба тўй наомаду гоҳи арўсро пушти асп савор кардан аз домони фаранҷийи ў дошта кашид ва суханони дар ҷаҳон набударо гуфту гуфт.

пешина
аз 421
навбатӣ