Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Намоям тўтиёйи дидайи хеш,
Агар ёбам ғубори пойи Бедил.

Ин як гирифторӣ. Гирифторийи дигар он ки нақшбандияйи наҷодӣ ўро нагузорад озод бошад. Ў бобобузургаш Хоҷа Аҳрори Самарқандӣ (аслан чочӣ)-ро зиёд эҳтиром дорад, ки тариқати «Нақшбандия»-ро тозагӣ ворид кард: «Даст ба кору дил ба ёр». То ў шиори «дил ба ёр» буд ва касе намегуфт, ки зоҳиди гўшанишин кор низ бояд кунад. Ҳолиё Нақибхоне, ки нав авҷи мурғи ҳаворо дониста «Туғрал» тахаллус карданист, низ бояд кор бикунад. Ба домони шеъри Бедилро доштан ва худро пайрави «Нақшбандия»
донистан дунё обод нагардад, ҳатто рўзгор.

«Нақшбанди чаманоройи табиат, гўйӣ,
12 Нақши хазро ҳама бар сафҳайи ғабро овард.»

Ва ў бояд дар баробари тухми суханро пароканда кардан дона низ пошад ба хок. Баъзан бо падарзан Авази деҳқон ройсозӣ мекунад, баъзан андўхтаҳойи хешро амалӣ мегардонад ва албатта бо мадад, кўмак ва дастгирийи падари бузургвор ва бародарони дилсўз.
Ва аммо дар гўшайи дилаш ғубор; ҳавойи софу беғубори кўҳистон онро сутурда натавонад. Ягона ғамбарораш шеър ва баъзан шикор. Бештар шаҳр баройи он меравад, ки китоб пайдо кунад.
Ҳар чӣ дар мадраса дастрас шуда буд, хонду азбар гирифт ва писандашро рўбардор кард. Ва баъд «Қасидайи Бузургон»-ро навишт, ки оламгирийи шеъри Одамушшуаро ва дигар саромадону сухансароёни илму адаби порсиро сано мехонад:

«Хондаму дидам сухани шоирон,
Он чӣ ки гуфтанду навиштанд, рост.»

Ройсоз, ҳамсухан, ҳамсангу ҳамвазн ва ҳамсўҳбату розкушову муаммошикофаш ҳамон китобҳову бузургон, вагарна касе нест андаруни кўҳҳойи тангу баланд, ки дар сухан панҷа бо Туғрал занад ва ё парвозаш мисли парвози ин мурғи фазогир бошад:

3
«Кист чу, ман фориси майдони назм,
Гўйи сухан бо киву чавгон кирост?!
Нест маро фикри фарозу нишеб,
Кўҳу биёбон ҳама яксон марост!

  1. Хазро – сабз
  2. Ғабро – замин
  3. Форис – аспсавор
пешина
аз 421
навбатӣ