Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шаби маҳшар буд он шаб. Ва фардо ба рўбинони арўс ҷуз модар ва ду «янга»-йи ба хонайи шаҳ омада аз занҳойи Куруд касе наомад.
Он қадар сахт номусдорийи кўҳистониҳо.
Падари ў Бобохон аз сари зуъм ба Куруд нарафт ва то ҳол шираш нафаромадааст, ки арўсро «хуш омадӣ!» гўяд. Камонро сари китф меовезаду кўҳҳо сайру сайёдӣ меравад ва то меояд, ки Нақибхон ягон нағма мекунад: ё Панҷакату Самарқанд меравад ва ё ягон конкоби хориҷиро пайдо карда сўҳбат меорояд, ки ҳамин кўҳҳойи мо чӣ дорад. Кончӣ донистаашро гўяд, Туғрал сар андохта, дуру дароз ба андеша меравад ва сар бардошта, паст мегўяд: «Кам. Аз он ки ман медонам, кам. Бояд зиёд бошад. Бояд дунёро хўронаду пўшонад. Вагарна ин қадар талош варзидани дўсту душман чӣ маънӣ дорад? «Кам» бошад, ин қадар ба ин тарафҳо майл намекунанд. Ганҷҳое бояд бошад, ки «Ҳафтганҷ»
пеши он об хўрад.
Акнун андар миёни кўҳҳо ва тангноҳо андеша дошт, ки хондаҳояш ба чӣ кор оянд. Аз рўйи мушоҳида ва дида ва донистааш ҳама чиз дар шаҳр зебанда. Кўҳистон зебандаҳойи лойиқи худро дорад. Худ ба худ мегўяду мешунавад бесадо ва аз фикр мегузаронаду таҳлил мекунад; муқойисавӣ шаҳру кўҳистонро андар мизон мегузорад ва шоҳини онро доштанӣ мешавад, ки зўри дастонаш намерасад. Зиндагийи шаҳр чун зиндагийи мўрон ва зиндагийи кўҳистон бепарвоёна. Ва агар чизе пайдо карданӣ шавӣ, шаҳр меравӣ. Ва ҳастанд касоне, ки рўзгорашонро ба зиндагийи шаҳриён монанд мекунанд. Зиндагӣ ба сари ў низ афтода, вале надонад, ки чун сомон кунад. То имрўз ҳама дову дастгаҳ аз ҷониби падар буд мешуд, ҳолиё падар хоста, ки худи писар кадхудо шуда рўзгорашро обод кунад. Шояд аз ранҷиш ҳам бошад. Писар ҳарфи падарро гўш надода ба як деҳқондухтар хонадор шуд. Ва он арўс эҳтироми эшонзодаҳоро ба ҷо оварда тавонад ё на? Аз рўйи миш-мишҳо дасти арўсро равған ҳам накардаанд Ва Нақибхон аз пайи рўзӣ бояд шавад ва деги хонадонро ҷунбонад. Аммо ҳушу ёдаш ба хондаҳову азбаркардаҳо, ки ба чӣ кор ояд? Ҳамаро хуб омўхта, аммо домони пурчину хамёзасурати шеъри Бедилро сахт дошта ва тазмин мекунад ҳар ғазали ўро.
Андармон ва гирифтор аст бо он, ки сухане озод гуфта натавонад. Ва ҳозир аст сар ба гарди хоки ў ниҳад: «Хок мекардам ба роҳаш, гар саре медоштам». Аз мост, ки бар мост, сухани устодро бармегардонад ба худаш.

Баланд аст аз фалак маъвойи Бедил,
Набошад ҳеҷ касро ҷойи Бедил.

пешина
аз 421
навбатӣ