Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунон фармояд, ки баъди гуфтайи ў ба таҳлука афтӣ ва ба чашми ҳазорон нигарӣ, ки нигоҳаш чӣ маънӣ дорад; чунин кор аз дасти ў меояд ё на…
Ман акнун камон хоҳам гирифт; ба рағми бадиҳо, нопокиҳо, носомониҳо, ҷабру ҷафову ситам ва бедодиҳо; камон хоҳам гирифт, то хешро, неконро, адолатхоҳонро, ранҷбаронро, бечорагонро ҳифзу ҳимоя карда тавонам. Ин баҳонае, Худованд. Ту донӣ, ки камон гирифтанам аз баҳри чист? Бояд сайёди оҳубаррайи хешро пайдо кунам, то ҳақ ба ҳақдод расонам. Мапиндорӣ, ки бар зидди Яздони пок олоти интиқом мегирифта бошам! На. Мехоҳам бинам ва донам, ки ин дунё кай аз дасти Аҳриман ба дасти Ҳурмузд мегузарад? Кохҳойи ситаму бедодӣ кай дижи адолат мегарданд? Ин нафси шум кай аз синайи Одам ба синайи Шайтон бармегардад?
Кай нокас кас мешавад? Кадом вақт ҷайби бечора зарр мебинад?
Кадом замон обилайи кафи пойи нодор ба кафи пойи доро мешинад? Ай Худо? Шумору ҳисоб надорад ин чизҳо! Хубтар аз ту касе надонад… Вале мо аз сўзи дилу ҷон туро ёдрас мекунем…

«Берангӣ аст ранги хуми нилийи фалак,
Гар нест бовари ту, аз ин ҳам барор ранг!»

Ай Зарафшон, гўри ман дари канори ту хоҳад буд, зеро ту чўби хушкро низ сабз гардонӣ. Вале ҳолиё бинам, ки зиёд гилолудӣ. Чашмаҳойи зулолат куҷо шуданд ва ин қадр гил аз куҷост?
Магар аз камхокийи Кўҳистон ба танг омадайӣ, ки ин миқдор гил бо худ барӣ? Макун ин корро! Бе хидмати хирсонайи ту ҳам ба як каф зок зор ҳастем. Ниҳоламон дар сари санг, хонаамон бар тори санг; рўзамон монда ба санг… Аммо ҳоло наомўхтаем ва ёд нагирифтаем, усто нашудаем, ки аз санг зар ҳосил кунем, онро чун масолеҳ истифода барем; ақаллан тавониста будем дили онро ёфтан… Танҳо ту сўҳон барин мехўрӣ, арра барин мебурӣ сангҳоро, то қаъртар равӣ. Зеро қадри хешро медонӣ ва чашм бар он дорӣ, ки мардум туро аз жарфноҳо кашида заминашонро сабз гардонанд. Рўди хурду ноҳинҷорро ва тангмаконро моҳӣ низ хурд шавад. Чунон ҷой гирифтайӣ, ки на заврақ шиновар аст ва на наҳанг. Моҳиёни шириву гулӣ дорӣ ва мормоҳӣ. Агар ту паҳно дошта будӣ ва киштиҳоро ба дўш мебардоштӣ, сангҳойи Кўҳистон ба ҳамвориҳо расида мардумро рўзӣ медод ва ҳунармандони аҷиб мерўйид. Э войе, Худо ин зайл танг офарида ҳама чизро баройи кўҳистонӣ! Чунон танг, ки натавонад паҳлў гаштан, натавонад пару бол задан, натавонад даст диҳад, даст гирад. Баройи уқоб макон сохтайӣ, вале ба одамӣ ба ҷойи даст бол надодӣ, то аз ин тангноҳо барояд. То ба кай фарзандони ту ғариб гашта одам шаванд; агар шаванд чун Рўдакӣ. Муҳити танг мағзи касро гиҷ мекунад. Аммо як хубӣ ҳам дорад: кас мехоҳад чун ажриқ сахттарин заминро дарида боло нумўъ кунад.

пешина
аз 421
навбатӣ