Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фарзандони ту низ чунинанд. Бо зўр аз ин вартаву тангноҳо баромаданӣ ҳастанд.
Мераванд. Чун худрўву хасакӣ ҳастанд, пайвандӣ бармегарданд, аммо бехокӣ, замини сахт онҳоро аз нумўъ бозмедорад. Зеро донӣ, ки дарахт дар як ҷой сабзад.
Ай Зарафшон! Дар қатраҳот ҷонам, чӣ шуда бо ту, ки ин қадар сар ба санг мезанӣ? Магар чун мане фарзанд гум кардайӣ ва ашки хешро дошта наметавонӣ? Ё чун мане дар он поёноб дилкашолӣ дорӣ? Ё ба рўйи ман қатраҳойи рўҳбахшатро пошиданӣ ҳастӣ, то ба худ оям? Накунам андеша аз ин саройи дудар? Аз ин олам, ки урёнқабо ояд - як лахт гўшт ва кафанпечида равад, ки чанде пеш ба сўйи ту механдид. Чанде пеш талоши рўзиву зиндагӣ дошт, ки насиби инсон чунин аст. Баройи хўрдан ба дунё омада. Агар чунин, ба Кўҳистонӣ чандон насиб накардааст; заҳматаш зиёд:
аёлаш сўхта, сиёҳ гашта мисли ин сахраҳову ғармаҳо; мардони ҷонсахташ чун мисхори сари шах аз боду боронҳо бим надоранд, аммо нумўъ карда наметавонанд. Зеро реша фурў наравад дар санг. Бузу гўсфандаш реза, говаш реза, одамонаш реза. Ин кўдакро нигар, ҳезум пуштора мекунад; духтарча корсон сарвора дорад; пирмард ҳам ҷувол дар китф… Пахш мекунад аз тор, то фурўтар равад; паст шавад, насабзад… Онҳо, ки фурў рафтанд, ту низ тазйиқ меёбӣ ва фурўтар меравӣ, Зарафшон! Ҳатто оҳувонат дар сахтиҳо сум зада, шах ба шах гашта, хурдҷусса метобанд.
Ҳатто оби равони саркашро дар тангноҳо ҷой карда, ки хурд намойӣ. Тезӣ дорӣ чу ман, ки рўзе лаҷомат хоҳанд зад. Худованд гоҳ-гоҳ пешатро мебандад: кўҳи азимро чаппа гардонида пешгир мекунад, то кўл шавӣ, аммо одамонат дар воҳима афтода зуд синайи он ламидаро чок мекунанд, ки рўзе ҳадд занад, оламро об пахш мекунад. Олам баройи мардуми мо ҷоест, ки нами ту расад, Зараф шон. Чӣ андоза туро дўст дорам, худам донаму Худо. Вале даст надорам, ки аз ту кишвари зебо обод кунам. Аз ин рў дар канорат мешинам, ҳасрат мекунам, дарди дил мекунам; орзуву армонамро мегўям, ки ту ҳастиву ман нестам… Лекин ту хомўшӣ чун касони пухта, ки донанд, ҳарфи зиёд суд надорад ва забони сурх сари сабз барбод диҳад. Охир чӣ кор кунам? Замин – сахт, Осмон – баланд. Агар ман ба осмонҳо рафта метавонистам… медонистам чӣ кор карданро ба бо Додор чӣ гуфтанамро. Лекин…
Худат мефаҳмӣ, бисёр чизҳоро дидӣ, зиёд касонро шинохтӣ… Агар сахт мушкил ояд, аламзада ва ҷафокашидайи кўҳистонӣ худро дар оғўши ту мезанад; ягона паноҳгоҳе, ки оромӣ меёбад. Мо туро дўст дорем, аммо ту меҳрубонӣ карда наметавонӣ. Ҳар чӣ ҳаст, аз ин баландиҳо ба пастиҳо мебарӣ. Хокро, регро, чўбро, дарахтони решакандаро, сангро; ҳатто зарро. Ҳатто мурдаро… Баъд мурдадорон, гумҷўён баробари ту поён метозанду боло ва даъво мекунанд, ки мурдайи фарзандашонро диҳӣ; падари ҷафокашида, арўси зулмдида, ҷавони ноком, тифлаки бегуноҳро бозгардонӣ.

пешина
аз 421
навбатӣ