Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ҳарчанд ки кўдаки ўст ва пурсон шуданаш равост. Аммо зани кўҳистонӣ ҳазору як андеша дорад, ки фарзанд бошад ҳам, илмдор аст, боэҳтиёт бояд буд. Мебинад, ки ранги писар заҳир гашта, ҳоҷат ба дилдорӣ ва навозиш дорад.
Модар: – Худатонро накоҳонед, барраҷон.
Писар: – На, оча. Мулки худаш. Кори худаш.
Модар: – Кори Худо. Доду гирифт.
Туғрал: – Ин кори Худо не, оча. Худо дод. Дигарон нобуд сохтанд.
Модар: – Шаккокӣ накунед...
Туғрал: – Шаккокӣ на, сухани ҳақ. Дили шумо ба он чандон насўзад, ки дили ман. Дили шумо ба ман месўзад, чунки фарзандатон.
Модар: – Гуфтам-ку, шумо дона, вай мағзи дона. Чӣ хел дилам насўзад?
Туғрал: – Оча, медонед, ки баройи ин пора гўштро насиб донистан чӣ қадар ба Парвардигор саҷда овардам, муноҷот кардам; лаби Зарафшон фуромада баробари он гиристам. Зорӣ кардам.
Тавалло кардам… Шукр кардам. Дод. Наход боз гирад...
Модар: – Боз ягон ношукрӣ гузаштааст-дия, барраҷон.
Туғрал: – Эй оча-е! Ёфтаатон ҳамин ҳарф.
Модар: – Худатон бо кадом забон мегўед, ки дунёйи доду ситад.
Худованд беҳуда намедиҳад. Агар қарзи додаашро намегирифт, дороён ҳам қарзашонро намеситониданд.
Туғрал: – Ҳай очаааа, шумо аз алломаҳо ҳам гузаронидедку!
Модар: – Чӣ вай?
Туғрал: – Чӣ не, кӣ? Одаме, ки дар рўйи Замин пурдонтар аз ў нест касе.
Модар: – Рум сиёҳ, гунаҳгорам накунед. Мо куҷову дониш куҷо?
Туғрал: – Охир, ман баччайи шумо-ку! Камак-камак медонам.
Модар: – Донистайи шумо авлодӣ. Меросӣ. Аз худ-ди Хоҷа Аҳрори Валӣ меояд… Шумо, ки доно ҳастед, шукр гузоред, Худоро. Насўзед. Худо раҳим аст, карим аст… Аҳадо самадо, поко, парвардигоро… барраҷони маро ноумед нагардон!
Туғрал: – Охир келинатонро зок додаанд бадхоҳон, дигар умеди …
Модар: – Сар солим бошад, барраҷон, сарпўш ёфт мешавад.
Туғрал сар андохт. Азбаски модари боҳушро зиёд дўст медошту эҳтиромаш мекард, гоҳи бозгашт аз шаҳрҳойи бузург ба пешвозаш даст ба сари сина зада «Оча мурад ба муллобачча!» гўён баромаданашро ва баъзан савораву пиёда аз Кўҳистон то Самарқанд ҳамроҳи шў хабаргирӣ омаданашро ёд оварда сар андохт ва хомўш монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор