Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Биё нагўем, ки баройи чӣ? На, ин кори Худо нест. Ин аз дасти онҳоест, ки бар зидди хоҳиши Худованд чунин фоҷиаҳоро намойиш медиҳанд… Ту мапиндор, ки ман гўлам, медонам: дунё ду чиз дорад: мазҳака ва фоҷиа. Бубахш маро, ки мазҳакайи он ҳам фоҷиа бувад. Фарҷоми мазҳакаҳойи инсонӣ фоҷиа. Нияти намойишкорон чунин. Вагарна чаро гиребони хешро набўйида, дигареро масхараву мазоқ кунанд? Мазҳака намойиш медиҳанд, ки онҳо худро шинохта, мағз гиҷ карда, ба танг омада хунашон баста, худашон хушк гашта миранд, агар нангу номус дошта бошанд, вале онҳо дигар касро бо ангушт нишон медиҳанд, ки ўро масхара кардаанд; ҳазор мазҳака намойиш диҳӣ, ба пўсти ғафси эшон асар накунад. Чун фоҷиа пеш омад, афсўс хўранд, ки таъкид карда буданд, тан надодам. Ин ҳам мардӣ. Вале кам; аз ҳазор яке ҳаст ё на?
Тирамоҳон обат соф мегардад-а, Зарафшон? Чунки абрҳо аз гиристан монда, пирчу яхҳо зуб гашта, танҳо обҳойи зулоли чашмасорон мемонад ва дар он айём касе худро ба коми ту намезанад, ки об ғажд ва макрўҳ нагардад. Охир он вақт оби ту он қадар тоза, ки тифли пову забону ғазаб надошта барин, хандон, тоза, бегуноҳ; хўрам, мегўйӣ. Ҳама гуна чизҳойи тоза чунин завқу иштиҳову ҳаваси касро меоранд. Ревоҷи тагсангиро бину чағзакро; ширмоҳийи туро бину мормоҳиатро ва дигар… чӣ хуб аст чизи асил ва бекароҳат».
Ў каф пур карда об хўрд, пас лабони карахшбастаро тар карду пок, ки гоҳи аз шикор баргаштан мекард; он вақт обҳойи талхи ғиҷҷа дилгираш карда, забон ба ком мечаспид, лабонаш парсингу карахш мебаст, ҳалқаш хушк ва талх мешуд ва аз оби хуб беҳтар чизе ба ёдаш намерасид. Худро бо сару либос ба об занам мегуфт.
Зеро дар сари кўҳҳо сангҳо дуд мебароранд ва дар қаър рўд ҷорӣ мешавад. Аз ҳамон тор худро ба об андозам мегўйӣ. Чун ба об расид, боз андаке тоқат намуда, нафас рост мекард, лабу рўй шуста, тапиши дилаш, ки паст шуд, лаб ба рўд ниҳода, дарёдаркаш мешуд. Аммо қадре мехўрд, ки оби рўд кам намегашт. Ҳоло низ аз ёдовариву фишор ва тафси он лаҳзаҳо ва андешайи зиёд лабонаш карахш бастанд. Андар лаби рўд тавонист лаб тар кунад ва як каф об хўрад. Ҳаваси кас ба чизи набуда меояд.

ОБИ дида

Ба назари модар писараш Нақибхони илмдор хеле одами бузург
аст; аз он ки дар ҳар маврид номашро мегиранду байту ғазалашро
меоранд ва мадрасаро хатм кардааст, олитарин инсони замон ё
маҳал ё музофот ба шумор меравад. Қозиву муфтиву муллоҳо,
ки мадрасадида ҳастанд, мардум эҳтиромашон мекунад. Писари
ўро низ эҳтиром доранд. Ва модар истиҳола мекунад ва намеёрад, ки ба ў ҳар чиз гўяд ва ё чизе пурсон шавад.

пешина
аз 421
навбатӣ