Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Худо чӣ, Худо!? Чаро ба корҳойи фармудайи хеш илоҷ намеёбад. Наход илоҷ аз дар берун кардани ҳамсар бошад?»
«Аҷаб занӣ! Ман туро аз дар нарондаам-ку! Чаро ин қадар абри гирифта барин меборӣ?»
«Охир, охир…»
«Сабр бикун. То табар омадан, кунда осудааст.»
«Охир, ман мебинам, ки табари тез омада ва маро… ва маро…»
«Ва туро сар гирифтанист? На, Истам! Агар ба сари мо кулфати сахт ояд ва ҷудойӣ афтад, туро бурда ба хонайи падариат мемонам ва ҳар гоҳ хабарат мегирам.»
«Охир, назди кӣ? Падарам набошад… Модарам дар он ҳол…
медонед.»
«Хайр? Чӣ кор кунем?»
«Охир… охир…»
«Ҳа?»
«Ин ғами сахт… Кўҳҳойи мо ин қадар вазн надорад…»
Туғрал ба нўки мўкиаш нигарист, ки фарсуда шудааст. Ин мўкийи таккагийи шикорӣ, мўкийи шаҳрравиаш сурхи рангдода; сару либосаш низ мувофиқи он мешавад. Гўё ҳоло аз Истам изо мекашад, ки кўҳна шудааст либосаш. Қасд кардагӣ барин зан ҳам дида бар мўкийи ў дорад.
«Ман шикор меравам, занак…»
Гўё баҳона ёфт. Ва рафт. Баъд дар хонайи ҷудо кардайи падар қиёмат шуд. Хешон омаданд: хоҳаршўҳо ва янгаҳо. Гўйӣ ду даста шуда омадаанд баройи пархош ва ифоқа овардани зиндагийи шоир. Янгаҳо тараф мегиранд Истамро, ки гуноҳе надорад; хоҳаршўҳо иддао мекунанд, ки ҳамин хел буродари бообрўйи номдорро бенасл кардан гуноҳ аст. «Ҷудо шаваду зани зо гирад.»
Ва Истам фиғон мекунад: «Ман нозо набудам! Душманон чунин карданд!»
«Гаҳворабахш, ки доштӣ, «чӣ хўрда» домани буродарамонро доштӣ?!»
«Охир, ман домани ўро надоштаам, диду ошиқ шуд!»
«Ба куҷойи ту, ҷўгийи сиёҳ, ошиқ шуд?»
Хоҳаршўҳо ба навбат мегуфтанд ва ба суханони онҳо ҳарф ёфтан душвор буд. Янгаҳо мешўриданд:
«Шумо имрўз бо Истам чунин рафтор мекунед, фардо бо мо!
Дафъ шавед, ёвҳо! Ба хонаҳойи худотон равед! Ин ҷо хонайи Истам!»
Аммо Истам чун ашки сари мижгон қудрати сухан надошт ва бар остона нишаст, ки бемадориашро ифода мекард ва ҳам мефаҳмонд, ки бонуйи ин остона ман ҳастам. Ҳамин қадар андеша дошт, ки шоир шикорро баҳона карда рафт ва ба сари ман бало фиристод.

пешина
аз 421
навбатӣ