Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мо кистем? Чӣ дуое рафта ба мо, ки омадаро пазирем, бударо нобуд созем?»

«Як гули матлаб начидам ман зи гулзори умед,
Оқибат дасти надомат ҳамчу гул бар сар задам».

БОЛОЙИ СЎХТА – НАМАКОБ

Лошахор хамид сўйи замин. Дуртар аз ҷое, ки онҳо нияти зинда кардани мурдаро доранд; паси Хонайи Сафед. Бо амри полковник Шатенин нисфи фавҷ талоя рафта буд он сў. Бар сари санг ё рўйи чизе нишастани лошахорро дида, асп тозониданд.
Мурдахори қоқу баднамо пойҳойи кашолашро ба зер кашида ба ҳаво бархост. Таваҷҷўҳ карданд ва пеш рафтанд. Саре диданд лайс тарошида, ки дар навбати аввал бинанда косахонайи сар пиндорад. Чун наздик омаданд, сари жўлида ба хунро диданд, ки хуни гардани буридааш кайҳо хушк шуда, сип-сиёҳ бастааст.
Ва каргас тавонистааст танҳо чанд нўл зада хуни бастаро канад.
Душман аст ё дўст, ба ҳар ҳол раҳми кас меояд, ки сари инсон аст, на сари ҳайвон. Тахминан дина ё сари субҳи имрўз ин марги беаҷал ба вуқўъ пайвастааст. Чашмони сар боз. Гўйӣ ҳама рухдод ва ҷунбуҷўл ва ситезу ҳаракот ва корҳойи ҳудаву беҳударо таҷассум мегардонад дар ойинайи дида ва ё бар осмон акси шуоъ дода сабти абадӣ мегардонад.
Даста дарёфт ин сару тани хунину ҷудо-ҷудоро, аммо касе намеёрад, ки беҷо гардонад ё даст расонад. Зеро командир сари ҷасади Шарифа ҷиддӣ нигарон аст ба бедор кардани зан. Онҳо нарасиданд ба сару тан. Бал нафареро фиристоданд сўйи сарфавҷ, то пайк барад. Вале боқӣ дуру наздик ва атрофро аз назар гузарнида, будан-набудани дўсту душманро муайян карданӣ мешуданд. Касе ба назар наметофт. Тахмин мекунанд, ки ибрат аз сари бурида гирифта, мардум кўҳ ба кўҳу ғор ба ғор шудаанд, ки ҷондоре наметобад. Ҳо дар дурийи дур аз ҷониби Амондара сари девори Боғи Гарон сарҳо қаторанд чу зоғони сиёҳ. Тори бедҳойи Ҳавзак ҳам дар паноҳи шоху баргҳойи дарахтон чанд сиёҳие хира-хира метобад. Тахмин, ёру бародарони Бурҳон, ки пеш омаданӣ буданду аз даррасидани фавҷи лашкар он ҷо қарор гирифтанд. Дигар ҳама ҷо сокиту ором. Дар ин ҷо низ зиллайи ранҷида «зӣ-зӣ» мекунад.
Сарбози яккатоз омад назди Шатенин ва даст ба чакка бурда фармуд:
— Рафиқ командир! Дар он ҷо мурдае сар ҷудо, тан ҷудо хобида!
Сарфавҷ як-як ба ҳама нигарист. Ҳолати занакро низ дид.
Ҷигот гиронд, ки барбеҳуда андармон шуданд. Чун аз нигоҳаш касеро сухане барнаомад, пайкро амри оромӣ фармуд ва боз ба Бурҳон нигарист.

пешина
аз 421
навбатӣ