Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Вай сару тани тағоям – Ёр аст. Бурда буданд. Партофта гурехтаанд.
Шатенин ўро чизе нагуфт. Балки чашмаш ба фарозроҳайи Сафедхоки китфи Амондара афтод, ки кўч бар харон бор карда болорў мерафтанд мардон ва аз пас зану кўдакон кашол буданд.
Қабилае ҷўгиҳоро мемонд, ки баҳорону тирамоҳон аз ҷое ба ҷое кўч мебастанд. Ҳама он сў нигаристанд, ки нўк-нўки дарахтони Боғи Гарон мерафта бошанд ва оҳиста-оҳиста боло шуда, ҷудо аз зардолузор мегаштанд.
— Онҳо амондарагиҳо! – ба нигоҳи саволомези Шатенин посух дод Бурҳон. –Ҳар бор, ки балое бархезад, мардуми деҳ кўч ба кўҳистон мебаранд...
— Ба ҷойи муҳофизат кардан?
Лек ба ин пурси командири мусаллаҳ Бурҳон посухе гуфта натавониста китфон дарҳам кашид. Лек чашмаш сўйи модар мерафт ва забонаш мехорид, ки гўяд: «Як мубориз модари ман...» Бори дигар китфон дарҳам кашид.
«Биринҷ оббардор нест, рафиқ командир!» – фармуд Туғ рал.
— Чӣ хел?
— Зўр намерасад.
— Зўр нарасад, ин кўҳистониҳо сар-сари санг чӣ нағма мекунанд?
— Боз якта, нимта хунаш ҷўшида ору номуси ватандорӣ мекунад.
— Шоир барин?
— Шояд...
— Шояд-бояд не! Яқин! Дар ҳама замонҳо пешвойи гумроҳон шиордонҳо буданд. Минбаъд ҳам онҳо саркаш мешаванд!
Туғрал як ноҷўрӣ ё баҳонаҷўйиро пай бурда хомўш монд. Дар андарунаш чизе ғулғула карда то гулў омад; бо рагҳойи хунгард дамида ба сар баромад ва ўро бадал ба пуффаке гардонд, ки анаана бояд бикафад. Худ аз худ сурфид. Надониста, беихтиёр сурфид.
Аммо маъниашро намедонист.
Шатенин аз сурфайи ноҷойи ў маънӣ кашиданӣ шуда нигарист ҷониби шоир ва низ гулў равшан кард. Туғрал масхара пиндошта гўшайи чашм андохт ва андешае ба сараш зад, ки чаро ситеза кунад ба ин ҷанговари мусаллаҳ. «Хуб нест. Бо ў бояд мадоро кард:
«Бо дўстон мурувват, бо душманон мадоро!» Лекин ин рус ба он русҳое, ки дар Когон дидам, монанд нест. Гардани ғафс дорад; абрўйи ғуллийи хамида. Рангаш ҳам ба ранги онҳо монанд нест.
Пўсташ ғафс. Нигоҳаш чунон, ки дар паси чашмонаш чашми дигар дорад. Ҳама чизро бо он чашм мебинад. Меҳрубонӣ гуфтанӣ чизро дар умраш ё надидааст ё нашунидааст. Умуман ба маънийи ин чиз сарфаҳм намеравад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор