Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сабаби бо ман чунину чунон гуфтанашро ҳам намефаҳмам... Мадоро, мадоро, мадоро... Шояд хушомад ё тарс пиндорад. Сарашу равғанаш. Хубаш бо ў чизе нагўйӣ. Пурсад, сар бояд ҷунбонд. Суханро ба дигар сў мекашад...»
— Ку рафта бинем! – савор шуд аспашро, гарчи роҳ чандон дур набуд. – Шоир меравад?
— Ҳарчӣ командир фармояд...
— Шоирро фаҳмидан душвор.
— Душвор нест, командир. Аппа-осон! Лекин мо забони якдигарро хуб намедонем. Душворӣ дар ҳамин аст.
Боз хомўшӣ. Садойи суми аспон бармеояд.
— Оббооо...
— Яъне чӣ?
— Ин хел, дар ҳар қадам, мурдан гирад, дар Кўҳистон одам намемонад.
Шатенин чизе нагуфт. Балки бисёр дилсўзона ба сару тан нигариста афсўс хўрд ва савора гирди сару атрофи тан гашт.
Туғрал пиёда шуда, аввал сарро аз назар гузаронд, сонӣ ба назди тан омада аз дасту пойи ёзида ва сари синайи дамида донист, ки ҷавонмарди ҳузарб ва базардае будааст. Дар миён ғилофи беханҷар ҳам дорад. Мўзайи пошнабаланди паҳлавонони бузкаш дар пояш ва тозиёна ба соқи он хаста. Синча карда ба он зеҳн монд; хеле бодиққат нигарист. Ба сару либоси босмачӣ монандие надошт. Балки паҳлавони яккатозро мемонд, ки аз танҳойӣ ё ноогоҳӣ ба чунин рўз расидааст. Сар андохт. Дилаш гирист. Чунон фарёди баланд кашид, ки Зарафшон лаппид. Аммо аз садойи набаромадайи хеш ба худ омада ба дигарон нигарист, ки ҷуз Шатенин касе ба ў нигоҳ намекунад. Нигоҳашро дуздонд, то ягон ҳарфи ноҷо аз забонаш набарояд. Зеро ҳар бори димоғӣ сухан кардани шоир командир бо тааҷҷуб ва ҳайратангез ба ў менигарад, ки шояд сохтакорӣ бошад. Бинийи бузург ва қомати найсони ў набояд чунин садо диҳад.
Дар фазо лошахорон дуто шуданд. Аҷаб, ки яке сарсафед буд.
Он ҳеҷ бол наафшонида бодбараки коғазийи кўдакон барин яклухту ҳамвор ва якмаром парвоз мекарду давр мезад; ба каргаси сиёҳ наздик намешуд. Гумон мерафт, ки ин ду ранги абадӣ – некиву бадӣ шафат шаванд, ҷангу ҷадал ба миён меомада бошад. Ба ҳар ҳол сиёҳи даҳонмазза тори сари фавҷу лоша ҷувозак мегашт ва гарданак зада, дида ба поён медўхт.
Туғрали мерган тир надошт, то бар он занад.
«Ноинсофҳое... Беимонҳое... Номусулмонҳое...» аз зеҳн мегузаронд ў, аммо баланд гуфта наметавонист. Андешаҳойи зиёдро мегузаронд аз зеҳн, вале ҳеҷ ба жарфу таги он намерасид, ки аз чӣ рў ўро бо ин фавҷ ҳамраҳу ҳампой карданд. Чу мўйи оташдида мепечид ба худ, вале садо баланд карда наметавонист, ки беҳуда.

пешина
аз 421
навбатӣ