Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зўр зада-зўр зада ва бо панҷа молида чизе гуфтанӣ шуд натавонист.
— Об диҳедаш! – садойи Туғрал омад. Сарҳангро нафорид.
Об доданд. Қулт карду роҳи нафасаш тоза шуд ва забонаш гашт ба сухан:
— Ин баччамард – тағоям Ёрмуҳаммад муқобилат кард ба Ҳомид-қўрбошӣ. Ўро ин рафтор нафорида, сарбозонашро ишора кард, то аз пас омада дастгир кунанд. Чунон шуд. Сонӣ бо фитрок ба пордуми асп баста то ин ҷо кашида овард. Хоҳараш, ана ин кас аз пас савора омада хеле зориву тавалло кард, озодаш кунанд.
Гўш надод. Модар дуойи бад кард босмачиро. Қўрбошӣ фармуд ҷаллодро. Ў шамшер зад пеши чашми хоҳар. Ҳомид сарашро ба найза гирифт. Аскаронаш аз ду пойи тағо дошта буз кашиданд.
Ин гоҳе рух дод, ки хабари омадани шуморо дониста буданд...
— Отряд! Омода бош!

Дили Туғрал мегирист. Қомати баланду химчааш хамида, замингир менамуд: «Эй фалак дод аз ҷафоят...» такрор мекард раҳораҳ, ки «муноҷот»-ро то манзил расонад. «Ман чаро ҳама ғаму ҷабру ситамро аз ёр донаму нолам, ки аз замона, аз ағёр, аз аҷнабиву бегона ва қатлаш ба дасти худиҳойи бехуд будааст?
Худованд аҷал диҳад, раво бувад. Аммо беаҷал мурдан марги сагона асту бас. Чунон мурдаро ҳарому макрўҳ дониста аз пойи шахшудааш бо латтае, шолпорае ё барги карам дошта, вазза карда, бурда паси деворе, даҳонайи ғоре, кунҷу камаре андозанд, ки чанде баъд деҳаву музофотро бўй гиронад; дар фазо каргасрез шавад.
Худоё, насиб нагардон! Амон деҳ аз тири адў! Аз тири оташину ҷонгудози душмани дўст. Дар хоб мебинам, ки тир мезананд, теғ мекашанд, шамшеру ханҷар мезананд. Хунам меҷўшад, дилам месўзад, бедор мешавам. Танам дар ларза. Дар обу арақ ғўтидаам.
Дар пинаку ғанаби сари зин ҳам ғинг-ғинг садойи тир мебарояд, бедор мегардам, ки боди шадид ҳуштак мекашад. Дар азобам.
Дар миёни оташу обам.

«...Озурдаи ишқи туам, н-озору зориро бубин,
Зоре чу ман кам бошадат, бисёр озорам макун!
...Ман Туғрали зори туам, ёрам, на ағёри туам,
Эй ёр, агар ёри манӣ, дар силки ағёрам макун!»

Оё дар рўйи Замин бадбахттар аз ман касеро офаридӣ, ки душманро раҳнамо бошад? Душманеро, ки мардуми мулки маро нобуд созад! Киштаҳоро поймол кунад! Сохтаҳоро бисўзад?! Пас беҳуда бувад ҳама гуфтаҳоям, ҳама сўхтанҳоям, ҳама кардаҳоям! Илмам! Омўхтаам! Пасованди силсилайи бузургон буданам...
Мани ноогоҳ ҳама хубиро, ҳама орзуву армони халқро сурудам, ки пештар ҳам суруда буданд.

пешина
аз 421
навбатӣ