Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гуфтанд аз нангу номус, орият, ҷавонмардӣ, некиву накўкорӣ; бо ҳазор зуъму ситез хешро дор кашидан, оташ задан, аз ҷару бора афкандан, шоҳраг буридан, ба наҳру гирдобҳо афкандан, теғ бар синаву дил задан. На! Ибрат нашуд ҳеҷ яке! Зеро ҷабру ситам тавонотар аз раҳму шафқат. Золиме, қотиле, сардори мулке, сардори бесаре, ҳокиме, шоҳе, миру амире парво накард. Тўй донист, базм донист, дастовард донист; пирўзӣ пиндошт. Зеро ў ҳеҷ гуфтаро ё навиштаро нахонда буд.
Ўро меоварданд ва ба муроди вай мехонданд. Хулоса мебаровард ў: «Хас каму ҷаҳон пок!»
Беҳуда! Ҳама рафтору кирдору гуфторҳо барбеҳуда! Бояд ҳамаро оташ бизад ва ҷисми хешро бар он андохт, чунон ки Муқаннаъи шуҷоъ бар хуми сирко... Лек ҳамон ҳам дарс нашуд. Ва ҳеҷ чиз дарс нахоҳад шуд. Баракс аз чунин зуъму худфарсойиҳо санги сари роҳи душман бартараф хоҳад гашт. Қуфли дарвозаву дижи ору нанг кушода хоҳад шуд ва адўйи тезнайзаву фурўзонмашъал пирўзу музаффар, бе пўшт-пўшт ба кўшку ҳарам хоҳад даромад; чун Искандар, чу араб, мисоли Темури ланг, ҳамчун қатаған, ҳамонанди балуҷиву масагетӣ... Поянда бош, кўҳистонӣ, ки фарҳангу тамаддуни шаҳрҳойи азимро то миёнайи шахҳойи сўхта овардӣ!
Вагарна чӣ зарурате буд, ки мани Аҳроринасаби Самарқандӣ гаҳворайи тамаддуни ориёйиву сомониро, ҳатто ранҷу ситами манғитӣ ва боздошти сесадсолайи фарҳанги тоҷиконро ба ҳоли худ вогузошта чу мурғи ҳулол миёни кўҳҳо ҳуштак кашам ва ё чуғзвор дуойи бад кунам: «Чуғ! Чуғ! Чуғ!!!»
Ай Бедор! Пас ман нагирям, кӣ гиряд? Гар хуни дил нахўрам, чӣ хўрам? Ҳаст магар ҷуз чанд тан мадрасахондайи аз ду ҷаҳон огоҳ боз касе, ки ҳамсухан шавӣ? Шубони ба таври худ доное низ ҳаст, ки миёни ин сангҳойи сахт дунёро мешиносаду дар он дунё биҳишту дўзахро тасаввур мекунад.
Худоё! Лабдўхтаам ман! Чизе гуфта натавонам! Гарчи дилам пур аст; тарки сарам майли таркидан дорад ва хурўши хун сараму танамро ба ҳаво мебардорад, ноилоҷ хештанро ба замин меандозам, то вазнинтар бошам. Ман донаму худат ё ту дониву ман! Дўхта будани лабонам ва лол гаштани забонам авлотар аст аз он, ки забони сурх сари сабзро диҳад барбод. Лек мебинам, ки ҳар қадар заминсо гардӣ, он қадар лагадкўб шавӣ:

«Охир, эй гардун, задӣ санги маломат бар сарам,
Зери пойи бешуурон поймолам кардайӣ!»

Тири замона хунрез аст. «Гап занам, мезананд. Гап назанам,
деги мазорро мебаранд». Лабдўхтаву хомўш будан авлотар аст.
Рўзе хоҳанд фаҳмид ё донист, ки чаро ин қадар забон мегазидаам.
Аз он ки бурранд, худ газида нигаҳ дорӣ хубтар аст.

пешина
аз 421
навбатӣ