Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз гуфта пушаймон. Гап харид ба худ. Дар дил бурру дўз кард, андешид, мулоҳиза кард.
Лек сарфаҳм нарафт, ки чаро «эшон» гуфта таъкид кард. Ва ў ин чизро аз куҷо донистааст. «Бояд зери коса нимкосае бошад».
Лаб фурў баст.
Шатенин низ Туғралро санҷиданӣ буд, ки хомўши хомўш монд.
Баройи Туғрал хомўш монд. Аммо дар сар маънийи пешниҳоди шоирро ба таври хеш таҳлил мекард: «Ин кўҳистонӣ бо ҳамин роҳ рў панаҳ карданист».
— Кист он дўстат?
Туғрал гумон накард, ки чунин мепурсад Шатенин. Аввал посух гуфтанӣ нашуд. Сонӣ «бо душманон мадоро» гуфт:
— Азизбеки мадрасадида; адабдўст ва хеле...
— Адабдўст ё ватандўст?
— Ватандўст ҳам ҳаст. Зеро ҳама адабдўстон ватандўст бошанд.
— Ҳммм... Ва ту бовар дорӣ, ки адабдўсту ватандўст хешу таборро монда, бегонаҳоро меҳмоннавозӣ кунад?
— Ҳамин тавр, рафиқ командир: мардуми мо меҳмоннавоз, бегонапарвар. Бо ҳамсояаш дойим ҷангӣ; пойи омадаро мебўсад...
— Чунин рўбоҳӣ дар ҳама ҷо ҳаст.
— Шояд бошад, лекин ба зайли мо нест.
— Сахт нагир чунин.
— На, ин дар омади гап, шуморо гўям. Мардуми Кўҳистон дар азоб: ранҷу шиканҷайи чандтарафа дорад. Боҷу хироҷ, андози замину об онҳоро ба ҷон расонидааст. Онҳо беку амиру амалдорро ҳимоя накунанд. «Аз ҷабру зулми мирон гардида мулк вайрон» гўянд. Болорўка биравем, ҳамаашро хоҳед дид. Мардум тарсу шудаанд; чун сангпушти санг бар санги пушташ зада сар фурў кашад.
— Ҳммм... Нав забон баровардӣ, шоир. Чунки ба лонаат расидӣ. Рўбоҳ дар хафоли хеш шер аст.
— На. Чунин мапиндоред. Ман донистаамро пешниҳод кардам.
Феъли саг ба соҳибаш маълум. Одати кўҳистониҳоро хуб медонам.
Тезхун. Хун дар сараш занад, оламро фаромўш кунад.
— Ҳммм...
— Камингоҳи кўҳстонӣ – кўҳ ва сипараш – харсанг, гулўлааш
– санг.
— Тамоми роҳ гунгу хомўш будӣ, инак булбул шудӣ?
— Манзарайи Дашти Маҳрў сахт аламангез буд... Шояд аз Русия то ин ҷо шумо низ чунин манзарайи мудҳишро бори аввал дида бошед?
— Бисёр дидаам, гуфти худат, аз бегонагон... Аз худӣ аввалин бор.
— Нагуфтам... Шояд даҳшатзояш дар пеш бошад?

пешина
аз 421
навбатӣ