Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Ман ҳам чунин гумон дорам.
— Шумо, ки чунин гумон кунед, ман чӣ гўям? То ин вақт гумон доштам, ки Ҳомид-қўрбошӣ Ватанро ҳимоя мекунад; сарпарасти халойиқ мешавад. На. Ин хел набудааст. Мебинам, ки ҷафо пеша кардааст. Бадтар аз куффор шудааст. Достони «Хунин» бувад он манзара. Аз пеши чашмам дур намешавад. Рафтору кирдори шумову гурўҳатон сазовори ситойиш.
— Мон, лозим не ин гапҳо. Мо дар назди виҷдони худ қарздорем. Дастур гирифтаем. Чӣ кор карданамонро медонем.
— Бале-бале! Арз кунам, ки бекигарийи Султонбеки Исфонӣ, ки дар Палорак қўра фурўзон кардааст, на ватанро ҳимоя карда тавонад, на мардумро ҳомӣ шуда. Балки ба бенишон гаштани тухмаву дудмони кўҳистониёни суғднаҷод сабаб гардад.
— Ҳммм... Ҳамааш равшантар аз рўз... Шоир ҳам ба наъл мех кўбад, ҳам ба пошна.
Музтарибҳол монд Туғрал. Гўйӣ тире аз даҳон зада аз паси сар баромад. Ба хаёлаш ҷисм, фикру андеша ва дилаш аз ин дойирайи тор бурун омада, пас-пас рафт ба дуриҳо; паси теппаҳо, пушти кўҳҳо, паси қуллаҳо ва он сўйи кўҳи Қоф: «Манзили ман бояд ҳамон ҷо бошад: касеро набинам, садоеро нашунавам, бо касе кордор набошам…Кар, кўр ва безабон бошам. Ба чунинон чизе набояд гуфт. Ин баддилу бадпиндорҳоро роҳнамо ва ройсоз набояд буд. Аслан маро кӣ мондааст ба роҳбаладӣ, ки лашкари ағёрро марговари хешони хеш гардонам?»
— Булбулакат аз хондан монд, шоир?
Туғрал ба худ омад, ки андешаҳояшро баланд гуфта бошад, аз даҳонаш мепарронанд.
— Кўҳистониҳо мақоле доранд: «Кабк аз даҳони худ тир хурад».
— Ҳааа… Хуб фаҳмидайӣ, шоир. Ту моро аблаҳ пиндоштӣ:
«Кўр ҳам тавонад моро роҳбалад бошад».
— Астағфируллоҳ, рафиқ командир! Намефаҳмам андешаҳойи шуморо. Маро хоҳиш карданд, ки роҳҳойи душворгузар ва махуфи Кўҳистонро илоҷёб бошам, шуморо ҳушёру ҳушдор гардонам. То манзил расонам. Лекин шумо ба ҳар гуфтайи ман бо шубҳа гўш медиҳед. Магар касе бадгўйӣ карда нисбати ман? Ё ягон фармойише ҳаст?
— Каллапўши дузд сўхт, гўйӣ, нахуст дузд даст ба сар барад.
Магар суст аст иродаат?
— Маро бубахшед, командир. Ман, илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ, пешниҳод кардам, ки аз дўсти озодфикру беғаразам ахбор гирам.
Беҳуда он ҷо рафтанам маъние надорад. Ин амалро ҳар кас метавонад ба ҷо орад.
— Шоири баччафеъл, сода… Мо донем чӣ кор карданро!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор