Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Эй забардасти зердастозор! То ба кай гарм бимонад ин бозор?!»
Надонам, ки то корзори Масчоҳ расидан ҳолам чӣ шавад?»
Вешист дар хоб аст. Орому сахт хобида, ки сараш ба сангҳойи сахти сурху сафеди тор ва пояш ба замини корами канори рўд мерасад. Роҳ русторо бурида мегузарад, чунон ки бисёр деҳоти водиро аз ҷабри камзаминӣ ва тангиийи мавзеъ.
Баракси оромийи дилгири Вешист Зарафшон нола дорад. Нолаву шеванаш монанд ба мўяйи модаре, ки писараш ба куштан ҳукм шуда бошад. Туғрал бори нахуст мешунавад чунин мўяву гўяро. Вақтҳойи хунталаб буданаш ҳам ин зайл садо намебаровард рўд. Шоир гўшонашро бо кафи даст ва ангуштон мепўшаду раҳо мекунад. Фарқияти овозҳо ва акси садоро меҷўяд. Гўё Зарафшон таҳти баландийи зери пойи онҳост. Аз ин рў пурталотум, пурвоҳима ва гирён метобад. Туғрал сар меафшонад, андаке садоҳо мўътадил мегарданд, боз шўру шар пайдо мегардад ва аз байни ҳама талотумҳо шевани модаре меояд, ки касе надонад кист?
На! На шеван! Шўри Зарафшон аст, ки чун хирси хуфта бедор гашта, кадом рақиби мунофиқро дида наъра мезанад.
2 Обхези ангурало аз зуби пирчу пиряхҳойи саргаҳ ва барфи шиббахўрдайи зимистонайи дараву хамгаштҳойи кўҳҳо дамида, киштаву баъзе манзилҳойи сари раҳро шуста мебарад; беморони саръиву рўҳийи ба ин фалокат дучор омадаро ҳам; баҷонрасидаҳоро низ, ки аз ҷафойи рўзгор халосӣ ҷуста хештан ба амвоҷ задаанд. Кундаҳойи нимсўхта, дарахтони решакан, гову харони фитодабаоб, сангу реги соҳилро ҳамчунон барад, ки лашу лушро. Ва баробари он бўйи сел барояд, ки аз ҳазору як гулу гиёҳ ё ҳамагуна будаҳойи соҳил таркиб ёфтааст. Рабояду андозад обхез он ҳамаро, баъд андар оғар боқӣ гузорад.
Бўйи замин низ меояд аз пастӣ дар ин ғояти шаб; бўйи гил, бўйи лойоба, бўйи моҳӣ, бўйи сабза низ. Аммо шоир дар димоғи гирифтааш бўйи дигареро дорад. Бўйи хунро. Сонӣ бўйи гандидаро, ки баъдтар ҳаворо олуда ва вайрон гардонад. Он вақт сагони носипос ва каргасҳойи ҳаромхўр ин бўйро шунаванд, баройи лошайи ҳароммурда тохт оваранд. Аммо аз ҷониби кўҳ бўйи адири сўхта ва хошоку хок ояд. Вале чун боз аз сўйи Фарғар ояд, бўйи дуди саргини хар ҳама бўйҳоро пахш кунад.
Гумон надошт шоир, ки бо ҳазор умеди озодӣ ва некрўзӣ ба ин дастайи мадад ҳамроҳ шуда, аз як фарди ноошно ва нобалад сахту сақат мешунавад ва рафтору кирдору гуфтори мармузи ў як фарди суханвару рамузгир ва донову раҳнаморо ба чунин ҳол меорад. То ҳанўз намефаҳмад, ки сабаби ба ин дастайи раҳгум ва

  1. Саъдӣ.
  2. Ангур ало шуд, дарё бало шуд.
пешина
аз 421
навбатӣ