Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоир чу кабки тирхўрда аз даҳон хомўш монд. Аммо андеша, фикр ва мағзи сараш он қадар ғалаён дошт ва хуни гармаш то ҷое ҷўшид, ки оби офтобайи чўпонӣ аз ҳарорати оташи лахчайи хорчаву бодомча он қадар аз даҳону бинӣ об намепартофт.
Шатенин тир дорад, шоир фикр дорад. Дар шаройити имрўза нерўйи ин ду чиз баробар нест. Тири командир ҷонсўзу ҷонгудоз.
Фикри шоир гарчӣ дурпарвоз аст, аз кирдорҳойи командир чизе намефаҳмад ў.

Шарар ба азми таманнои ҷастани аз санг,
Дар ин ситамкада умрест хуфта бо дили танг.
Ба боғи даҳр, ки андар гулаш намебошад,
На эътибор ба бўю на эътибор ба ранг!
Бақо ба талхии заҳри аҷал намеарзад,
Махур фиреби таманнои рангу бўйи шаранг!
Хаёли роҳат аз ин чодари фусун манмо,
Ҷаҳон, ки ҷои фиреб асту хонаи найранг!
... Маҷў зи вазъи ҷаҳон қадру эътибори маро,
Шудам ба сафҳаи имкон мисоли мисраъ ланг.
Сиришки ғам ба раҳаш баски рехтам, Туғрал,
Зи ҷўши ашки надомат равам ба коми наҳанг!

Кўҳистони ҳақиқийи сангинҳаёт аз ҳамин ҷо сар мешавад.
Замини тангу заранг, хоки камширайи регӣ, шахҳойи баланд, тангноҳо, кўрроҳа, шаршар, ҷару ҷўй, вартайи канорайи рўд, бораҳойи харкушу сагкуш, камингоҳҳойи гулўгир, роҳи пуроврингу пурхатар меравад то Фарғару Масчоҳ. Бо чунин роҳпаймоийи қадамшумор ва рафтори командири муғамбир дили шоири ҳассос ва ҳақиқатпарвар чун шишайи тафсидайи сардобрасида паққаду пора шавад, ҳарчанд беҳисоб рафтааст. Омадшуди ў ихтиёрӣ буд; раҳораҳ дар ҳар мавзеъ дўстону муридонашро хабар гирифта, ҳолу аҳвол мепурсид ва нафас рост карда, ё шабро дар сўҳбат гузаронида, боз озими роҳ мегардид. Аммо ин сафар чун бардайи кироя ба қадаму даҳони командир нигоҳ карда роҳ меравад ва ҳаққи берухсат халоҷо рафтан надорад. Ҳайрон. Аммо андеша дорад, ки хуб аст дар зиндагӣ чунин тазодҳоро дидану донистан. Ба пиндори шоир сарҳанг Шатенин аз ин хусус гумон ҳам намекунад. Аммо аз андешайи зиёд мағзи сари Туғрал ҷўшида, чаккаҳойи сараш ба дард омада, дилаш фишор мехўрад, ба касе намегўяд ё гуфта наметавонад. «Дар хонайи худат-а? Дар сарзамини аҷдодиат-а?
Чӣ беҳуқуқӣ, чӣ беадолатӣ, ки даҳон кушода фикратро гуфта натавонӣ. Ё аз азал чунин буд? Дунё аз они зўр буд? Агар чунин набуд, аз зўрийи омадаҳову аз нотавонийи мо таърих он қадар ғанӣ нашуда буд. Дунё зеру забар дорад; зердасту забардаст ҳам.

пешина
аз 421
навбатӣ