Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар миёни низомипўшон ҳам Туғралро фарқ кардан имкон дорад.
Сабзҷомайи болобаланд ва дастораш кабуд. Ҳарчанд Тўтӣ «Шумо ҳоло ҷавон, набандед ин салларо» мегўяд, Туғрал розӣ намешавад: «Ба эшонзода механданд». «Майлаш, дар Кўҳистон бандед, шаҳр, ки омадед, гиред». «Ҳой Тўтиҷон, маро дар шаҳр он қадар мешиносанд, ки дар Кўҳистон намешиносанд».
Ва ҳоло Тўтиро ёд мекунад. Нозҳойи ўро пеши назар меорад:
«Муллошариф мегўяд ҳамаашро, ки Тўтӣ чӣ гуфту чӣ фармуд?»
Сонӣ муқойиса мекунад ўро бо Муқаддам:
Боре Туғрал савори тавсанаш миёни деҳро мегузашт, ки гулдухтараконро дид, ки дами дарвоза бозӣ мекарданд; «Ҳабобиҷон»
бозӣ мекарданд:

«Ҳабобиҷон, ҳабобӣ,
Дастам гули сабобӣ...»

Гўён даст ба даст дошта арғушт мерафтанд. Арғушти аҷиб, таронайи аҷиб, бозийи аҷиб. Шоир инони тавсан кашид, то диққат диҳад ба бозийи духтарчаҳо. Ду тан дастон сўйи ҳам ёзида, панҷаҳо кашшак карда – ба ҳам андохта вазн ба пушт майл дода, гирд мегаштанд сурудхонон. Гоҳи гирду чарх задан пойҳо пеш мерафт ва сарҳо пас. Ҷамолаку пўпаки дар мўй андохта аз тахтапушт дур гашта чу боли шоҳин ба парвоз меомад; рўймолҳо ё афтида ё ба гардан лағзида, духтаракони ҷуфт-ҷуфт бодрафтаро сурхрў ва зебо нишон медод. Яке нав бо ҷурғот сар шушта бошад, дигареро мўй фахха буд. Инак нўки пойҳо ба ҳам наздик омада тез мегарданд.
Дастагул мешаванд.

«Ҳабобиҷон, ҳабобӣ,
Дастам гули сабобӣ...»

Ҷуфти дигар сар мекунад ва тез чарх мезананд. Тарона ҳам тез хонда мешавад; бо суръате ки мегарданд. Аввал ором, пасон суръат мегирад. Туғрал сари зин хешро фаромўш карда, майл ба пеш додааст, гардан ёзида дорад чунон ки паланг ҷониби ғизол.
Духтараки кокулонаш чилбофти ба назари шоир «расида» диққати ўро сахт ҷалб кард: «Духтари кӣ бошад? Мешиносам ҳама сангистониҳоро. Духтари Муллоҳасан бошад?» Духтар ғизолсурат буд.
Нафиси қоматаш аз ҳамбозиҳояш болотар. Чашмонаш гўсфандийи ҷаззоб. Кокулонаш аз паси рўймоли рангпарида кашол ёфта то хами пой расидааст. «Солашро гирад, замин рўбад».

«...Чӣ ҳол дорад чамандӣ,
Фўта дорад чишмбандӣ.

пешина
аз 421
навбатӣ