Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мачит ба мачит-а,
Ду кўрпайи чит-а.
Яктеша гирем-а,
Яктеша монем-а.
Ҳа, ҳуу дугона!
Ҳа, ҳуу дугона!»

— Э, бале, бале, бале! – баъди тамошойи зиёд завқ кард Туғрал.
– Ин суруду ин бозиро ба шумо кӣ ёд дод?
— Аз Амондара як духтарак омада буд. Номаш Анор. Ҳамон Анор ёд дод.
— Ёдаш ба хайр, аҷаб бозие омўхтааст.
— Бай-бай! Чӣ номе? Номи худат чист?
— Номи ман? Номи ман? Ошхўру нонхўри ҷомадаррон.
— Бай-бай, чӣ номе?!
— Номаш Муқаддам!
— Номи худат – Девона! – қаҳр омад духтарро. – Корат чӣ ба номи ман? Номи худата гўй! Ту номгирак?
— Рост мегўяд. Муқаддам Рост мегўяд... Духтари кӣ мешавӣ?
— Духтари додом.
— Бале-бале! Ҳама духтарон духтари додошон мешаванд. Ягон духтар духтари амакаш нест... Ман бозийи шуморо дуру дароз тамошо кардам, гўш ба таронаатон додам. Воқеан ҳунари баланд доред. Агар шумо, духтарҳойи ширин, малол нагиред, ман ба ҳунари шумо озмун эълон кардам. –Туғрал аз кисабағал рўймол баровард. –Дар дил гуфтам, ки ҳар кас беҳтар ҳунар намояд, ана ин рўймол мукофоташ. Ба назари ман Муқаддам муқаддамтар буд. Ин рўймол ҳалолаш бод!
Духтарҳо завқ карданд. Аз шарму ҳаё кафи даст ба даҳон мебурданд, ки ягон чиз нагўянд. Муқаддам сурх шуд. Рўймоли ба сўяш дароз шударо намегирифт ва ҷониби савор намерафт.
— Бигир, духтар... Эшони Туғрал ба ҳар кас рўймол намедиҳад.
Ў аспро пошна зад ва баробар бо духтар омада, лигом кашида боздошт.
— Шарм накун, бигир! Туро насиб карда будааст.
Духтар, ки ин расмро намедонист, аз шунидани номи Эшони Туғрал ифтихор карда дар куртааш нагунҷид ва гўшайи рўймоли хеш зери дандон гирифта, ба савор нгоҳе накарда, гўё кўркўрона рўймолро дошт.
— Боракалло! Насиб карда будааст.

  1. Масҷид.
пешина
аз 421
навбатӣ