Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Чун савор бирафт, Муқаддам шодон ва тозон ба ҳавлӣ даромад.
Модараш, ки нон аз танўр меканд, шодийи духтарро ва рўймоли сари дасташро дида ҳайрон монд.
— Чӣ гап шуд, Муқаддам?
— Эшони Туғрал ба ман рўймолча дод!.
— Рўмолча дод?
— Чаро гирифтӣ?
— Ман дар мусобиқа аз ҳама хуб бозӣ кардам, тўҳфа гўён...
— Уффф... – пушт дар пояйи танўри барқад такя гузошта нишаст: – Оббооо!
Сўҳбати модару духтарро шунида падар аз сайисхона, ки асп қашав мекард, бурун омад:
— Чӣ кор шуд?
— Ба дасти ў нигаред, мардак. Эшони Туғрал рўймолча додааст.
— Оббоо-е! Эшони Тўра корашро кард.
Вале духтар аз ин ҳарфҳо чизе намефаҳмид. Шояд солаш намерасид?
— Духтар! Ҳазор бор гуфтам, ки аз дарвоза берун набаро!
Туро чӣ мондаст ба «ҳабобиҷон?» Ана акнун «ҳабобиҷон» гуфта гард.
— Аз куҷо ёфта омадед, мардак, ҳамон амондарагиҳоро?
— Занак! Амондарагӣ айб надорад! Айб дар туву духтарат! Кӣ мондаст ўро ба бозӣ! Чаро гирифтӣ рўмолчаро?
— Тўҳфа гуфт. Ғолиб омадӣ дар озмун, гуфт.
Падар ҷаҳл накард. Балки ба андеша рафт: «Аз чанги эшони Тўра баромадан осон нест...»
Ва ҳамон бегоҳ хостгорҳо омаданд. Падар аз сайисхона набаромада занро фармуд, гўяд, ки онҳоро қабул карда наметавонад; мардак Масчоҳ рафтааст. Завҷиҳо ноумед баргаштанд. Аммо Туғрал ноумед нагашта боз мефиристод хосгорҳоро. Оқибат падари духтарро боре дар сари кўча дучор омаданд ва ў ночор пазируфт фиристодаҳоро...
Аммо зери чодари арўсӣ коре шуд ношуданӣ. Гоҳе ки шарбати висол мехўронданд, янга аз дасти шаҳ косайи шарбатро гирифта беруни чодар бурданӣ шуд, ки коса ба лаби чодар бархўрд ва шарбат рехт. Туғрали нишону аломатдон ва расму ойиндонро хуш наомад чунин ноомади кор. Хиҷолат кашид. Ва ҳоло ҳамон лаҳзаро ёд меорад, ки бояд таъвил дошта бошад. Ва чизи дигаре, ки сахт таъсираш кардааст, сўҳбати падару духтар буд:
— Муқаддамҷон, то аз Самарқанд бозомадани ман ба модарат гўш деҳ ва ҳудаю беҳуда ба кўча набаро.
— Наравед дадаҷон, ман метарсам.
— Аз чӣ метарсӣ, духтарам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор