Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар зўр будӣ, аҷнабиён, бегонагон ба хоки ту талоя наомада буданд ва чун табибу ҳакиму сайёҳ ҷосус наоварда буданд. Соҳиби кўр! Давлатдорӣ аз хўрдану ридан иборат нест!
Буну марзро ҳимоя бояд кард, мардумро бояд кор бурду нон дод.
Ҷанг карда наметавонӣ! Ақаллан марзу бунро ҳифзу дифоъ бикун!
Эй Худо, чаро инҳоро андар рўйи замин сояйи хеш хондӣ, ки бо ту сухан гуфта шаваду бо онон на!? Гўё ту Худойи Худованд ба онҳо фармудайӣ ва акнун қозиву муфтиву асас дар паҳлўйи ҳоким рост истода давлату ҳукуматро ба по доранд. Ай Яздони пок! Магар надонистӣ, ки онҳо гургу хуку рўбоҳ дар пўстӣ одамӣ ҳастанд, ки то омадани шеру хирсу паланг ҳамаро нобуд созанд. Ва мардум ғизолу моҳӣ буванд, ки ҳама зўрон сайдаш кунанд. Мо ба онҳо бовар надорем, вале чун сояйи Худо ном бардоштаанд, маҷбур мешавем сар андозем. Агар ман ростро гўям, шаккок ном мебарорам ва бо фатвойи гургу хуку рўбоҳ ба асфаласофилин меравам.
Чӣ бояд кард? Аз даҳони баста ҳам суде нест. Бисёр мувофиқ ояд, пўсти худатро ҳимоя кунӣ. Вагарна сарбозӣ бад нест: то «ҳуҷум!»
нагўянд, оби шикаматро намеҷунбонӣ...»

Туғрал даст ба ҳалқайи салла бурд, ки пари шоҳин дар ҷояш.
Ин паре, ки писари Азизбек дар вохўрийи Вешист бахшида буд.
Ҳоло шоир андешайи онро ҳам дорад, ки ўро пайдо карда, албатта ин парро нишон медиҳад ва мегўяд: «Писарат бахшид. Зинҳор кард, ки падарамро ёфта, кўмак кунед, гашта биёянд». Лекин аз дасти Ҳомид зинда бозгаштан амрест муҳол. Ман ин чизро ба писарак нагуфтам. Гуфта ҳам намешавад. Аммо Ҳомид аз худ рафтааст: аз рўйи миш-мишҳо ба касе сар намефурорад ва лашкар ҷамъ карда сипоҳашро аз сипоҳи Асрорхону Нусратшоҳу Холбўтта зиёдтар карданист ва ҳамайи онҳоро шикаст дода, мири Масчоҳ шуданист. Аз рўйи гапҳо Ҳомид на Сурху на Сафед. Осиповро
1 ҳам бад мебинад, Мадаминбеку Кўри Шермату Эргашро ҳам.
Аскарони Сурхро ҳам. Мақсаду мароми ўро ҷуз худаш касе намефаҳмад. Ба тороҷгар монанд нест. Аммо баъзе кирдору рафтораш ўро тороҷгар, хунхор, роҳзан нишон медиҳад. Ба хусус гоҳе ки ба хадукаш расанд; муқобилаш хезанд; пеши роҳашро гиранд ва ўро «номусулмон» гўянд. Фоҷиайи Дашти Маҳрў ҳам аз он сар зад, ки Ёрмуҳаммад вақти дар боғи қозӣ чошт хўрдан дастайи ўро бо як гурўҳи калтакдор муҳосира карда, нобуд сохтанӣ шуд. Дигар гўё тарафдори халқ; ватанашро ҳимоя мекунад. «Аз ҳеҷ кадоми ин омадаҳо суде нест. Фарғонагиву Ўротеппагӣ ҳам метозаду месўзад, аҷнабиаш ҳам метозаду месўзад. Мо мисли донаем, ки

  1. Қўрбошӣ. Бо 700 нафар баъди шикасти ҷанги Фарғона ба Оббурдон назди мири Масчоҳ меояд.
пешина
аз 421
навбатӣ