Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

пири бедандон дар ўғур андохта, кўфта, талқон карда мехўрад».
Ақл доштагӣ барин Ҳомидаш. Лекин маъқади худро бо шохи гов ҷанг андохтан... Шояд хунаш гарм бошаду фаҳмаш ба бисёр чизҳо нарасад. Оташро хомўш мекунам, гуфта, аз нодониву камтаҷрибагӣ миёни оташ сўхтан ҳам кори доно нест.

КАНОРИ РЎД

Кушоду фарохтарин деҳайи Фарғар Урметан бувад. Аз баландийи роҳи рў ба рў шаҳрак метобад Урметан ва хонаҳойи сангиву гилиаш то даруни дара меравад, ки дарахтони сабзи қадоба гувоҳи зиндагидонийи ин мардум аст. Хонаҳойи ба назар бар якдигар сохта ва дарахтони зардолуву чормағзу сафедор, беду сада намунайи дар канори рўд деҳадорӣ кардани мардум аст. Оби деҳ аз кўҳ меояд. Домони русторо рўди Зарафшон пуршаст бурида мегузарад. Рўйи бомҳо, сари марзаҳо ва бораҳо, қади рўд ва рўйи роҳҳо пур аз мардум, ки ба маросиме омада бошанд. Аммо ҳама хомўш, карахт, дамбадарун. Баробари аз роҳи калон сар задани дастайи ёрирасони русӣ ҳама чун суғурҳо даруни хонаҳо ҷо шуданд. Ҷо-ҷо рўйи бомҳо пирон ё мардони багурда монданд. Аммо касони сари роҳ баромада ҷо ба ҷо меистоданд. Гўё ба пешвози отряд баромада бошанд. Рангпарида, ноумед ва дилгир метофтанд.
Меҳмонро ҳеҷ гоҳ чунин пешвоз нагирифтаанд урметаниҳо. Аз он сўйи рўд омадани садойи гиряву нола ва шеван фавҷиёнро парешон кард ва Шатенин Туғралу Ғайбулинро пеш андохт, то бо мардуми сари роҳ баромада сўҳбат карда чӣ шудани кору чӣ будани ҳолро бифаҳманд.
«Ҳомид-қўрбошӣ тохт оварда буд. Ҳама ягитҳоро чинда бурд!»
Як пирмарди бедандон, ки базўр ба асо истих буд, вораҳойи дандон намуда посух дод.
Масъала рўшан шуд, аммо сабаби чунин тохт овардани қўрбоширо намедонистанд.
— Аз чӣ рў тохт овард Ҳомид? – пурсид Туғрал.
— Душман наздик омада будааст, Ҳомид саллот ҷамъ мекардааст, то омадаҳо оби Зарафшонро ҳаром накунанд.
— Не-не! Гап ин хел не! Амаки Ризо, шумо дар ҳама кор пешхезӣ накунед...
— Волло гап ҳамин хел, шумо пешхезӣ накунед, Киромҷон.
Шумо ҳоло чўҷа. Ин чизҳоро намефаҳмед. Гумонатон, ки ду хурўсчўҷа баройи як мокӣ ҷанг мекунанд. Не, ин хел не. Ҳар ҷанг мақсад дорад.
— Майлаш, шумо пири кор, ҳурмататон мекунем. Лекин Ҳомид баройи ҳимоя кардани ватан ё нест кардани душман сарбоз ҷамъ намекунад. Вай қувва меғундорад, ки зўр шавад. Ҳоло бо ҷанг кордор ҳам намешавад.

пешина
аз 421
навбатӣ