Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Як тамошобин. Шумо мана пеши командир баред, ҳама асрорро гўям.
— Гуфтан гиред, мо мерасонем, – ба сўҳбат ҳамроҳ шуд Ғайбулин-тарҷумон.
— Гап ҳамин, ки Ҳомид ҳоло ба ҷанг намедарояд. Аз дур тамошо мекунад, ки мири Масчоҳ Султонбек бо урус чӣ хел меҷангад ва аз дасташ чӣ меояд. Ҷангу нерўйи аскарони Сурхро ҳам мебинад. Ёрийи Сафедҳоро ҳам мушоҳида мекунад. Ҳар кадомашро ба паллаҳойи тарозу монда бар мекашад. Чун ин қувваҳо ҷанг карда хароб гарданд ва бемадор шаванд, ба майдон меояд ва, ба гумони худаш, ҳамаро зеру забар карда, мири Масчоҳ мешавад.
Сонӣ бар зидди балчабекҳо мебарояд. Чунин барномайи ўро як ҳолдон ба ман аниқ карда гуфт.
Пирмард даҳон кушода ба Туғралу Ғайбулин менигарист. Гўё нигарон буд, ки аз даҳони онҳо чӣ сухан меояд, ки на бо гўшҳо, балки бо даҳони кушода ва вораҳойи бедандон шунавад.
Туғрал нигарист сўйи Ғайбулин. Ў китф дарҳам кашид:
— Ин ҳарфро командир қабул мекарда бошад?
— Ин хел не. Дурўғ! – саҳл монда буд, ки аз гиребони Киром гирад пирмард.
— Амак, хархаша накунед, ҳамин хел. Зинда монем, мебинед!
— Ман хархаша намекунам. Ба ягон чиз талош ҳам надорам.
Инаш ҳам бошад, унаш ҳам бошад, монад орому осуда зиндагӣ кунем. Ин чӣ гап аст, ки инаш аз дар набаромада унаш медарояд, ки лашкар хўрданӣ надорад, аспон гушна. Ғамата хўрда биё буддия! Дар ин сангзор ба ту беда кошта мондаанд, ки...
Ишора шуд, ки фиристодаҳо ба назди командир баргарданд.
Чун ҳамеша Туғрал пас истод ва тарҷумон Ғайбулинро пеш гузошт, то ҳама шунидаро ба командир расонад:
«Кори Ҳомид-қўрбошӣ будааст, рафиқ командир! Солдат ҷамъ кардааст. Ба муқобили ҳама як-як ҷанг мекардааст».
— Курбаши? Хорошо!
Онҳо мушоҳида карданд, ки командир Шатенин дар дил шодмонӣ дорад. Вале надонистанд, ки ин шодмонӣ аз чист?
— Отряяд, ба пеш!

«Рўҳи муқаддас! Ба умеди авом нашав. Онҳо як рама гўсфанд.
Аз дасташон чизе наояд. Ба ҷое асо андозӣ, ба дигар сўй гарданд. Гап баровардаанд: «Подшоҳ касе шавад, фарқе надорад.
Шоҳ бошад ҳам, гадо бошад ҳам; худӣ ё бегона бошад ҳам фарқ намекунад. Ҳар кӣ бошад, шиками моро сер кунад». Худат доно!
Ягон подшоҳ шиками халқро сер кардааст? Инашро ҳам, монем:
ягон подшоҳ оби шикамашро ҷунбонида кор кардааст? Ба дасти ягон махдум порайи ноне дода, фармудааст: «Ин нонро бурда ба Абдуҷалили бистарӣ бидеҳ, ки вай чилла нишастааст.

пешина
аз 421
навбатӣ