Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ба харсангҳойи миёни рўдбор ва каронаҳо сар кўфта, қатраҳо ва чангаш сару рўйи соҳилнишинон ва сангҳойи девора гаштаро тар мекард ва гоҳ-гоҳ сўйи осмон меҷаҳид. Аз рўйи таҷрибаҳо хунталаб мешуд ва ҳар сарзада ё дасту дил аз зиндагӣ шуста чунин бозӣ ва нағмайи хуши Зарафшонро дида, беҳушона худро миёни мавҷу тўфони он меандохт, то ҳамроҳи лашу лушҳо поён хамида аз ҳамагуна тавиши рўзгор ё ранҷу азоби сангӣ раҳо ёбад. Вале имрўзҳо масъала ранги дигар гирифта буд: баъзе касон маҷбуран хешро ба оғўши сарди об меандохтанд. Зеро агар аз шаҳр фирор кунанд, ба кўҳистон мерафтанд. Аз кўҳистон ба шаҳр рафтан имконе надошт, чунки бо ҳама роҳҳо душман пеш меомад.
Зарафшон беҳтарин гўрхонайи сарди аламзадаҳо ба шумор мерафт.
Масчоҳ куному хафоли гургу рўбоҳ ва дигар даррандагони хунхор гашта буд.
Баҳори соли ҳазору нўҳсаду ҳаждаҳ. Гоҳе ки кўҳу пушта ва дашту даман қабойи сабз дар бар мегирифт ва ҷо-ҷо гулу шукуфа ин матоъи минўйиву нилўйиро рангину нақшин гардонида буд, аз ҷониби Фарғона, Уротеппа ва Панҷакат меҳмонони хондаву нохонда ба ин ҳавзайи миёни кўҳҳойи баланд ва пуртакобу талоқ ва дараҳойи тангу тавила «қадам ранҷа карда» бойиси носозӣ, ҷангу пархош; душманиву хусумат; бародаркушӣ; бадбинӣ, кинаву адоват; зинокорӣ ва хуни ноҳақ мешуданд. Аз Русия то Масчоҳ ҳамин чиз ба расмият даромад ва рангҳойи сафеду сиёҳ ба Сафеду Сурх табдил ёфт. Ранги бадӣ сиёҳ ба Сурх гашт ва агар Сурхҳо ё Сафедҳо мегуфтанд, мардум мефаҳмид, ки киро дар назар доранд.
Сурх сиёҳро хўрд. Ин ранги инқилобӣ ба сангистони Масҷоҳ ҳам расида, замин, об, шаху санг ва либоси мардуми онро хунин гардонид. Ғайр аз даставу фавҷҳо ва отрядҳо аз ҷониби Уротеппа чаҳор тан марди эътимоднок ба ин марзу бум омада Ҳокимияти нави Шўро бунёд карданӣ шуданд. Яке Мирҳошими уротеппагӣ, дигаре Ғафур – оқсақоли қалъачагӣ ном доштанд ва боз ду нафари дигар – Валихўҷаву Бобоҷон. Аз кадом деҳа буданашонро халқ намедонист, уротеппагӣ мегуфтанд.
Онҳо дар деҳайи мирнишини Палорак хайма зада, ба тарғибу ташвиқи созандагони дунёйи нав пардохтанд. Касони аз зиндагийи сахти Кўҳистон ба танг омадаро ба ҳалқайи хеш кашиданд. Бавижа тиҳипойҳо, бепадарҳо ва ятимони бекасро. Касони зудбовари аз миригарӣ ё бекигарийи Масчоҳ ранҷидаро.
Кўҳи Нидо ҳар садоро бозмегардонд ва шахи Ойина акси ҳар шаклу суммотро нишон медод.
Онҳо гарчи андар қалъайи Ботурхўҷа ҷойгир шуданд, на шаб ором доштанду на рўз. Дару дарвозайи масчоҳӣ қулфу маданг надошта бошад ҳам, қалъа қуфлу маданг дошт ва онҳо ин чизро истифода бурда, дарбаста маскан гирифта буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор