Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар паси дару тирезаҳо чанд тан масчоҳийи ҷонфидову озодихоҳ шабзиндадорӣ мекарданд.
— Мирзоҳошим, бо масчоҳийи ҷонсахту боору номус танҳо мадоро кардан мумкин.
— Дуруст мегўед, Ғафур-оқсақол. Инҳо аз мардуми мо ҳам сахттар. Дар орият мардуми мо кордбадасту лекин инҳо гузаро.
— Одам ба муҳит мутеъ мегардад. Аз миёни шахҳойи сахт марди ҷонсахт мерўяд. Инҳо дуо кунанд: «сарат аз санг шавад»
мегуфтаанд. Дар пеши инҳо як даҳан аз зан ё духтар гап занӣ, дар бало мемонӣ. Ба ҷигари кас корд мезананд. Ҳўй, мана бенид, Мирзоҳошим: омадан-ба омадему кора саришта кардан осон не.
— Нағз фаҳмидед, оқсақол. Мардонагийи соҳиби ҳамин қалъа Ботурхўҷаро он қадар таъриф мекунанд, ки... Мардонагиашро албатта.
— Золим ҳам будааст... Лекин «Масчоҳ!» гуфта мурдааст.
Қўрайи аслиҳасозиашро ҳам дидем.
— Инҳо ҳамин хел ба дилу гурда набошанд, зидди як мамлакати бузург мебароянд. Худамон шоҳид. Лашкари Сурхро писанд накарда, лашкар ҷамъ мекунанд.
— Дар ҷоҳойи мо инро «масхарабозӣ» меноманд, Мирзо. Қойида мушт ба дарафш задан аз рўйи ақл аст?
— Мо ин хел андеша дорем. Лекин онҳо гумон мекунанд, ки фарғонагӣ натавонист, уротеппагӣ натавонист, бухориву самарқандӣ натавонист, мо метавонем. Ба назари ман панҷоҳу панҷ сол пештар Осиёйи Миёна рахна шуда буд. Шунидагистед ҷангҳойи Чимкенту Чочро?
— Медонам, Мирзо. Вай ҷанги забткорӣ буд. Ин ҷанги озодихоҳӣ...
— Мутлақо дуруст. Фарқаш аз замин то осмон.
— Лекин инҳо мегўянд, ки мо аз одамони оддӣ нестем. Хунамон ба Спитамону Деваштичу Муқананъ мерасад. Ба хаёлам, уротеппагиҳойи худамон ҳам ҳамин хел мегуфтанд.
— Ҳамин хел, оқсақол: ҳамаамон аз як хун. Лекин инҳо дигарча. «Мо аз хуни тозаааш» мегўянд. Шояд ягон фарқ дошта бошанд?
Мо андак-андак муросову мадоро мекунем. Лекин инҳо чўртгў.
«Мо палоракӣ! Чун теғамон ҷавҳардор!» мегўянд. Ман ҷўраҳойи масчоҳӣ дорам. Гапашон ҳамин: «Аввалаш хато макун. Хато, ки кардӣ, узр мапурс. Узрпурсӣ – бадтар аз гуноҳ!»
— Ҳамин хелу мо ба чӣ гуна кас будани инҳо кор надорем.
Шумо калон, ман хурд, мо бояд вазифайи худро фаромўш накунем.
— Ҳамин хел, оқсақол.

пешина
аз 421
навбатӣ