Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Биёед, Мирзоҳамдам! – гўён оқсақол истиқбол кард ўро.
– Биёед, хуш омадед! – баъди рўйи кўрпачайи рангпарида нишастан давом дод ў.
Ҳамдам даст ба сари сина ба миннатдорӣ гузошт ва як-як ба ҳамайи онҳо нигариста «Шумоён ҳам имшаб бад хоб кардагӣ барин?» гуфт.
— Магар шумо бад хоб кардед имшаб? – ба ҷойи ҷавоб пурсид Мирзохўҷа.
— Ман неву... Имшаб сагони деҳа сахт нороҳат буданд.
— Ба ҳар ҳол аз мо нороҳаттар набудагистанд? – Мирзохўҷа худдорӣ карда наметавонист. Агар илоҷ меёфт, ҳама қиссаҳоро сар ба сар мегуфт. Аммо аз маломати ҳамроҳон ибо мекард.
— Бовар кунед, сахт буд. Гўё сайде наомадааст. Аммо саг ҷонвари зирак аст. Магар ягон бўй шуниданд, ки шаби дароз ҷакиду гургона уллос кашид.
— Магар балое омадааст аз осмон?
— Инашро намедонам. Миш-миш ҳаст, ки омадани шумоён мардуми Масчоҳро ба ташвиш андохтаст. Эшони Бузургхўҷаву қозӣ Саидшариф ба гурўҳи аксулинқилобӣ сардорӣ карда, мардумро ангехтаанд. Рўҳониён, бойҳо, амалдорони пешин, соҳибони замин ва каҷфаҳмон ба ҳар сухани онҳо гўш дода, шамшер тез кардаанд.
— Ба мардуми Масчоҳ мо ягон бадӣ кардаем?
— Ҳоло бадие нашудааст. Аммо гурўҳҳойи номбар кардаам овоза паҳн кардаанд, ки болшевикҳо ба сари қудрат оянд, зану духтаронро умумӣ мекардаанд. Дар ин кор шайхону муллоён пешкоранд ва дар масҷиду меҳмонхонаҳо, сари гирдсангҳо ташвиқот ва тўҳмати сахти аксулинқилобӣ мебаранд. Мана, хонед!
Ҳамдам як варақчайи бо ҳуруфи форсӣ навиштаро дароз кард ба Мирзохўҷа. Ў варақро аз назар гузаронд ва сўйи Ғафур-оқсақол ёзонд:
— Шумо хушсаводтар.
Ғафур-оқсақол аввал пушту рўйи коғазро аз назар гузаронд ва зеҳн монда, ҳиҷҷа карда хонд:
«Болчабекон бо ҳукумати сохтаашон замини аҷдодӣ ва покбумро поймол карда, хоки ҳалоли моро бо хун оғиштанианд. Дини исломи пок ва урфу одати хуби мусулмонийи мусулмононро аз байн бурданианд. Мусулмонони саркашро ва ватанхоҳонро ба қатл расониданианд ва зану духтаронро мўй бурида, ба номусашон таҷовуз карданианд. Онҳоро зани русӣ гардониданианд.
Чунин кор дар Фарғона рўй дод, ки мардум ба дод омада, Эргаш паҳлавонро сарлашкар эълон карданд. Бар зидди болчабекҳо...
Рўзе ғазо хоҳад шуд».
Ҳайрон-ҳайрон ба якдигар нигаристанд онҳо. Худи Ҳамдам низ ҳайрон буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор