Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ин коғазро шумо аз куҷо гирифтед?
— Ин хел коғаз дар ҳама ҷо ҳаст.
Фиристодаҳо аз хона баромадан ё набаромаданашонро намедонистанд. Ва касе надонист, ки онҳо чӣ гуна ғайб заданд аз ин қаср.

Чунон ки ба лонайи мўрчагон об рехта бошанд, масчоҳиён косакуҷомонам шуданд. Ягон касро қарор дидан имкон надошт.
Ҳар кас ё паст мерафт ё боло; ё чиз меовард ё чиз мебурд. Боз ҳамон мўронро ёд меоварданд, ки дараки борон дониста, дон ба хона гузоранду сўку лиф берун андозанд. Лек кори як кас ба каси дигар рўшан набуд, ки баройи чӣ чунин мекунад. Танҳо аз рафтори хеш пай мебурд, ки бо ў низ коре шуда ё аз чизе ранҷида.
Омада якбора ғайб задани фиристодаҳойи Ҳукумати Шўравӣ ва боз омадани дигарон масчоҳиёнро водор намуд, ки мулк бесарвар намешавад. Нақибхон Туғрал низ ба ҳамин маънӣ фармудааст:
«Сардори мулки бесарам, сардори сардорам макун!» Масчоҳиён маънӣ кашиданд, ки бемарҳабо омадани фиристодаҳо аз бесардор будани мулк аст. Вагарна баройи ба хоки Масчоҳ қадам ниҳодан рухсатнома ва ё даъватномайи махсус лозим мешуд. Аз ин рў баъди маслиҳату машварати зиёд ба хулосае омаданд, ки нафареро сарвар эълон кунанд ва ў кори мулкро пеш барад. Лекин ин кор машаққати зиёд дошт. Аввал бо ҳар роҳе, ки бошад, омадаҳо ва фиристодаҳойи нохондаро аз сарзамин бояд ронд, сонӣ инони давлатдориро ба даст бояд гирифт.
Аввал овоза шуд, ки ду уротеппагӣ яке раис, дигаре муовини кумитайи иҷроияйи волост таъйин шуда омадаанд. Сонӣ рост баромад. Исо Ҳалимов – раис, Маъруфхўҷа ном – муовин. Дар Палорак идора сохтанд. Чанд рўз гузашт. Фармонҳойи Ҳукумати Шўравиро ба ҷо меоварданд. Сонӣ ба андозчинӣ ва дигар нағмаҳо пардохтанд. Лекин дар чунин шаройит, ки ҳоло Ҳукумати Советӣ сохта нашуда боҷу хироҷ ғун меовард, ғазаби мардумро овард. Тадбир ҷустанд. Тарҳу реҷа кашиданд ва кас фиристоданд.
Фиристодаҳо Султонбеку Тўрабек омаданд ба назди онҳо. Ҳамчун дўст ва ташвиқотгари ғояҳойи болшевикийи Шўроҳо.
— Ин чӣ хел дўстигарӣ? Дўстони уротеппагийи мо омадаанд.
Ба хонайи дўстон нарафта, хабар ҳам надода, ғарибҳо барин дар ҳисори душманони халқ ҷой гирифтаанд. – гўё хушгўйӣ кард Султонбек хешро ниҳоят шахси наздик гирифта.
— Мешад, ҳамин ҷо ҳам баройи мо ғарибон беҳтарин ҷо, дўстам, – низ паст наомада дар боби ғарибиву дўстӣ гуфт Ғафур
-оқсақол.
— Авлоди мо, авлоди ин кас – Тўрабек як умр аз дасти миру бекҳойи Масчоҳ дар азобу шиканҷа буд.

пешина
аз 421
навбатӣ