Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ба гап ҷома мепўшонед-дия, Мулло Султонбек. Шаф-шаф нагуфта, шафтолу гўед монед-дия!
— Ҳозир-ҳозир. Шумо дўстон ба он ҷо рафта андоз ҷамъ карда оред. Мо андози ин ҳавзаро чинда ба шумо месупорем.
Фиристодаҳо боз ба якдигар нигариста ҳайрон монданд. Исо гуфт:
— Агар ин хел ёрийи дўстонаву беғаразона бошад, қабул кардан мумкин.
— Дўстам Исоҷон! Мо ба шумо чӣ ғараз дорем?
— Нею... Гуфтем-дия.
Ва хўрҷинҳо пушти зини аспон андохта ҷониби болооби Зарафшон рафтагор шуданд фиристодаҳо. Воқеан онҳо дар ин деҳоти дурдаст одамгарийи масчоҳиро ҳис карданд. Пазиройӣ ва меҳмондорӣ хуш буд ва намояндаҳо дар ба дар нагашта худи онҳо андозсупорӣ меомаданд ва ҳатто ному насабро нагуфта, пул партофта мерафтанд. Баъзеҳо «пул надорем» гуфта буз ё гўсфанд оварда, аз дарвозайи Раҷаб дарун карда мерафтанд. Вале фиристодаҳо чизе сарфаҳм намерафтанд. Танҳо як нафар буққача овард ва «шуморо Султонбек фиристодагист, албатта?» гуфта, даст сари сина пас-пас аз дарвоза бурун рафт. Чун одат боз ду уротеппагӣ ҳайратзада ба якдигар нигаристанд. Аммо чизеро сарфаҳм нарафтанд.
— Ҳо. Султонбек моро дар Палорак нигарон.
Гуфта бархестанд. Чизеро пай бурда буданд магар, ки хўрҷини пулро гирифтанӣ нашуданд. Аммо Раҷаб исрор кард:
— Масчоҳ одамони баду кунҷкоб ҳам дорад. Шумо ба Палорак нарасида ба Ҳукумататон мерасонанд, ки фиристодаҳоятон аз пули андоз рўй гардонда як хўрҷин пури пулро дар Деҳавз партофта рафтанд.
Фиристодаҳо боз ба якдигар нигаристанд, ки ҷуз худашон маънийи чунин нигоҳро каси дигар намефаҳмид: «Ин қадар пул аз куҷо дар ин кўҳистони дур?» мепурсид нигоҳи яке ва дигаре посух медод: «Ин ҳамон пулҳое, ки Сафедҳо гоҳи аз ин роҳ гузар карданашон аз сари паноҳдорон барчош карда буданд!» Ба ҳар ҳол хўрҷини пул пушти асп партофтанд, аммо буққачаю гўсфанду бузҳо дар оғили Раҷаб монданд.
— То ғалаба ман ин молҳоро бонӣ мекунам. Қурбонӣ мекунем...

Ва он рўз дар яке аз палҳойи фарохи Палорак рўйи юнучқаву себарга мардони (ба қавли худашон) бодилу гурдайи масчоҳӣ ҷамъ омада, сарнавишт ва тақдири ояндайи Масчоҳро ҳал карданӣ буданд. Инҳо дар асл гурўҳи музофотийи аксулинқилобӣ буданд.
Султонбеку Тўрабек, ки ба фиристодаҳо маслиҳати ба болооби Зарафшон андозғунорӣ рафтанро дода буданд, дар ин маҷлис ширкат доштанд.

пешина
аз 421
навбатӣ