Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Сухан аз нооромиҳойи дунё, бетартибиҳо ва охирзамон шудани олам мерафт. Ҳама ноомаду бебарорӣ ва ба охир расидани гетиро аз ношукрӣ ва номусулмонийи халойиқ медонистанд. Султонбек буғзи дил кафонданӣ шуд:
— Ман бисёр гапи оламу одамро медонаму мешунаваму ба маъниҳояш сарфаҳм меравам. Аммо ба таги як масъала намерасам...
— Ба таги ун масъала касе нарасидааст, ки шумо расед. – ба тавраш ҳазл кард Тўрабек.
— Не. Ин масъала ун масъалайи шумо мегуфтагӣ не. Бисёр майна об мекунам, ки чаро мо кўҳистониҳо, як бор сангу чўбамонро бардошта ба сари шаҳриҳо ё мулки дигар намеравем? Дигарон дойим ба сари мо тохт меоранд. Кўҳистон шакарак дорад магар?
— Ҳамон сангу чўби гуфтаатон худаш – шакарак.
«Уҳу-уҳу!» гулў равшан кард эшони Бузургхўҷа.
— Ягон гуфтанӣ доред, эшон?
— Шумо моро кўҳистонийи хушк мапиндоред. Аслу насаби масчоҳӣ ҳамон шаҳрнишинҳойи ба ору нанганд, ки аз тохту този аҷнабиён, бегонаву омадаҳо ор карда ва даст ба хун назада ба ин мулк кўч бастаанд. Аз азал то имрўз. Ин хел халқ ҳеҷ гоҳ даст хунин намекунад; ба мулки касе тохт намеорад.
— Бале, эшон! Маънийи нафаҳмидани ман ҳам дар ҳамин буд.
Мо тавонем, ватанамонро ҳифзу дифоъ мекунем. Аммо ҷанг намекунем. Пеш аз ин ҳам чунин маънӣ ба миён омада буд, баъзеҳо қўрхона сохтани Ботурбекро далели даъво меоварданд, ки тиру аслиҳа мебаровард, теғу шамшери ҷангӣ тез мекард. Ҳазор гўйӣ, ки баройи ҳифзу ҳимоя, қонеъ намешуд.
— Ҳамин хел, Султонбек. Худо шуморо ба мартабаҳойи баланд расонад...
— Ташаккур, эшон!
— Худо шуморо сарвари мо хонад, ҳеҷ вақт ба сари қавме тохт нахоҳед овард.
— Ҳамин тавр, эшон.
— Ҳамон бегонаҳо ҳамчун меҳмон биён, хўранд, раванд. Мо иззаташонро ба ҷо меорем. Аммо бари куштан оянд, худи Худо нишонашон медиҳад, ки ин мулки азизу покро ҳаром кардан некӣ наорад.
— Пешмаргатон шавам, эшон! Гап гапи шумо! Шумо гўед, халқон гўш мекунанд. Мо гўем, девона мепиндоранд. Чикошон кунем?
— Гапи шумо ҳам гап, мулло. Фақат фаши салларо роста монед.
— Аз гўши рост фурорам, дар қадамотон ҷонам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор