Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Гапатон дуруст, эшонбобо! Лекин гўед, ки кӣ мефаҳмад наган доштан ё надоштани онҳоро?»
— Ҳамин ки ба дом афтоданд, худашон бароварда нишон медиҳанд.
«Вааа, гаравро бурдам! Яъне, Эшон тасдиқ мекунанд, ки онҳо яроқ доранд. «Худашон бароварда нишон медиҳанд» мегўянд!»
Султонбек басанда карданӣ шуд ҳангомаро:
— Шуд. Худатон дониста-надониста, ба сари мақсад омадед. Раису муовини худноми кумитайи иҷроияйи Масчоҳ Исо ва Маъруфхўҷа болорў андозчинӣ рафтанд. Хўрҷинҳо пури пул меоянд. Мо бояд онҳоро пешвоз гирем.
— Воло рост мегўед, Султонбек. Мақсади гирд омаданамон ҳам ҳамин буд. Ба Самҷон меоянд-о?
— Ҳо, Тўрабек! Ба Самҷон. Лекин мо бояд байни Самҷону Ярм ё дар тангно ё дар кўҳи шикоф онҳоро дастгир карда...
— Воло рост мегўед, Султонбек. Ҳамин хел кардан даркор, ки ба дигарон дарс шавад. Дигар ягон душман ёди Масчоҳ накунад.
— Худо хоҳад, ҳамин хел мешавад, эшон. Аз шумо як фотиҳа!
«Илоҳо омин! Худоё Худовандо! Дўстон тоҷи сар, душманон зери по! Қасдкардаро паст гардонӣ! Ба хуни худаш хобонӣ! Таърих ёд надорад ва дар саҳифае дарҷ нагардидааст, ки масчоҳийи болоназар, баландмақом, хушгўву хушшунав, хушнавоз, хушфеъл, хушкирдор, неккору некният, накўном, марду ҷавонмард, боҷавҳар ва бодилу гурда, аз хок нарму аз санг ҷонсахт, аз равғани зард мулойиму аз теғ гузаро, боинсофу бофаросат ва соҳиби ҳамагуна хислатҳойи нағзи инсонӣ ва ғайра... ба касе зиён расонида бошад, ба номуси духтари касе, зани касе дасти зўрӣ карда бошад, хуни ноҳақ рехта бошад; хоки муқаддаси мулкеро поймол карда бошад; ба сари қавме миллате тохт оварда бошад, хонайи касеро оташ зада бошад, моли касеро дуздида ё бурда бошад ва ҳоказо... Худоё Худовандойи ҳаждаҳ ҳазори олам! Пойи номуборакро бишканӣ, дасти барандаро кўтоҳ гардонӣ! Мустабидро, тороҷгарро кўр, кару гунг гардонӣ! Шаллаш кунӣ!
— Илоҳо омин!!! – дароз шудани дуойи эшонро дида, садо баровард Тўрабек. Эшон идома дод:
... Шаккокро ба дўзах андоз! Илоҳо омин! Боқӣ: ҳар балову ҳар қазову ҳар вабову ҳар хатое пеш ояд, дафъ бикун, Парвардигор!!!»
— Илоҳо омин!
— Мустаҷоб гардонӣ!
Андаке оромӣ ба миён омад. Яқин баройи он буд, то эшон нафас рост кунад. Эшон ришак кашид ва оруғ дод. Чунин хў мартабаву рутбадоронро хос буд. Эшон баройи аз дигарон фарқ кардан, ба атрофиён форад-нафорад, ҳамин гуна одати хунукашонро зоҳир мекарданд.

пешина
аз 421
навбатӣ