Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Аз гўши чап. Аз паси сар не!
— Ҳо пешмаргатон шавам, аз пушти сар омадаст-о? Аз болойи гўши чап фуроварда будаму?
— Шоҳӣ-дия, лағжидааст.
— Воло рост мегўед, ин дастори шоҳийи ман аз моҳийи Зарафшон ҳам лағҷонактар.
— Гапотон қофиядор, ҳамнишини Юсуф шудед, мегўм.
— Воло рост мегўед, эшон. Ҳамнишин шуда будам.
Ин ҳарфҳо гўё баройи аз ташвишу ғам андаке фориғ гаштани онон буд. Сонӣ ба сари масъала омаданд.
— Биён, хўранду раванд, гуфтед-о, Султонбек?
— Ҳо, эшон!
— Дили одаткарда – балойи ҷон, онҳо ҳамту омада рафта наметунанд. Ҳатман бояд, тозанд, сўзанд, кушанд, баранд. Вагарна омаданашон ба ҷанг хоб намеравад.
— Нобудашон!
— Онҳо ману шумо барин чўбдаст нестанд. Аввал машқу таълим мебинанд, чорафзор мегарданд, мусаллаҳ мешаванд, сонӣ амру фармон мегиранд.
— Кори Ботурбек дуруст: мо ҳам бояд яроқу аслиҳа созем...
– Фармуд Тўрабек.
— Тўрабек, шумо мушоҳида кардед? Ҳамун ду уротеппагӣ ҳам доштанд ягон аслиҳа?
— Доштанд, Султонбек. Исо ҳаргоҳ даст ба кисабағал мебурд. Ман гумон мекардам, ки яроқ-пароқ дорад, асоро мазбут меқапидам.
Аз чунин сўҳбат ду нафаре, ки аз ду паҳлўйи санги ғўт такя зада менишастанд, ба баҳс даромаданд:
«Надорад!»
«Дорад!»
«Надорад!»
«Дорад. Гапи Тўрабек дуруст!»
«Охӣ, надорад! Аз рафторашон маълум, ки онҳо таппончаро дошта наметунанд. Милашро ба тарафи худ рост карда, мепарронанд!»
«Уротеппагӣ-я? Обаша пуф карда мехўрад!»
«Биё, гарав, ки надорад!»
«Биё, гарав, ки дорад!»
«Аз ту чӣ?»
«Аз ман – як гўсфанд!»
«Аз ман – як буз!»
«Дидӣ, ҳимматат паст! Гумон кардам, барзагов мегўйӣ!»
«Барзагова баройи Шўроҳо мемонем. Заминҳоро ҷуфт карданианд.»
— Аз даҳонатон шамол барад, нияти бад накунед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор