Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

«Э виж-виж карда мегардед, хез кунед аз шохи моҳ доред, савор шавед, Бобоҷон, шумо чаққон-ку! Ресмона дар шохи моҳ кашол кунед. Мо ҳалқа ба гардани ин дўстон меандозем. Шумо аз он ҷо мекашед...»
«Ҳазлатонро монед, Муҳаммадназар!»
«Ҷойи ҳазл не, воло! Инҳо аз ҳад баланд рафтанӣ. Аз ин баландтар доре намешавад. Шумо хез кунед, ба дигараш коратон набошад!»
«Шумо аз ман чобуктаред? Хез кунед худатон! Шумо хондагӣ.
Аз шох ё думи гов доштанро медонед».
«Ман бо шумо манша карданӣ нестам. Мақсади ман ҳамин ки мо ин касонро дар шохи моҳ овезон кунем. Моҳ бодбараквор инҳоро дар як шаб дар тамоми олам сайр мекунонад. Дидаҳо ҳайрон мешаванд, ки чаро имшаб моҳ дум баровардай? Дар олам ҷор меандозанд. Ва ҷавоб меёбанд, ки тоҷики уротеппагӣ»...
«Уротеппагӣ ҳаян-о?...»
«Ҳо, уротеппагӣ!... Дар олам ҷор меандозанд, ки тоҷики уротеппагӣ худро урус сохта, ба сари тоҷикони масчоҳӣ омадай, ки динатро фурўш ва ба дини кофир гард. Тавба!»
«Ўй! Уротеппагӣ! Ту номус-помус дорӣ? Кофир хонаву хонаводаатро тозад, ту гап назада, даст пеши бар ғулом шавӣ, ба фармони ў гўш дода, ба сари мо ойӣ, ки низ ғулом шавем, боҷу хироҷ диҳем ва динамонро фурўшем. Чаро? Магар ватан надорӣ, зану фарзанд надорӣ, хоки бобойиро дўст надорӣ? А!? Ўй, уротеппагӣ! Бо кадом рў? А? Муслмонӣ ё... Ба ҷойи ин ки ба назди мо омада, мегуфтӣ, ки биёед, якдил шавем, сарҷамъ гардем, сарвар интихоб кунем ва ба муқобили кофир ғазо кунем! Баракс ҷосус омадӣ! Инак рўзатро бубин!»
«Ҳафту ҳашт карда мешинед? Кашедаш ба шохи моҳ!»
Моҳи панҷрўза дар гўшайи осмон овезон буд чу кашшак ва гўйӣ нигарони тори дор. Вале рўйи саворони уротеппагӣ ҷониби сароб буд ва паси сарашон намедид моҳро ва маҷоли баргашта дидан ҳам надоштанд. Танҳо пай мебурданд, ки масчойиҳойи зираку адофаҳм ононро масхара медоранд.
Роғиёни назди моҷаро садоҳо, мағал ва ягон-ягон сайҳа кашидани аспонро шунида рўйи бому саҳни ҳавлиҳо буромада ва баъзе домани деҳа фуромада ҳама кору бори роҳзанҳоро медиданд. Онҳо ҷилави аспони Исову Маъруфхўҷаро дошта, саворон фуроварданд аз сари зин. Дастонашон баста ба пушт пешандоз ҷониби деҳайи офтобрўяйи Ярм бурданд. Камону таппонча, хўрҷини пулро гирифтанд ва аспҳоро ҷилав кашида сўйи Палорак рафтанд Бобову Муҳаммадназар.
Деҳайи Ярм дар соҳили рости рўди Масчоҳ рў ба рўйи Деҳманор дар офтобрўя ҷойгир аст. Хонаҳойи кўҳнасохт дорад ва ҷо-ҷо биноҳойи кандакорӣ ва қабзафурўмон дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор