Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Девор ва оғилу тавилаҳо сангианд. Дарахтони зардолу, чормағз, туту себ ва беду сафедор дорад. Болотар боғоти зардолу ва замини кишт мавҷуд буда, сари воту миёни замин сангу шағали аз палҳойи дандона чидашуда талу пеппа гаштаанд. Дар яке аз чунин оғилҳойи деворсанг аксулинқилобиён фиристодаҳоро қава карда, дари онро қуфл заданӣ шуданд.
— Сабр кунед, – дасти қуфлдорро дошта гуфт Мирзо Одина, ки соҳиби оғил буд.
— Чӣ хел сабр?
— Ман хару говора бурорам...
— Монед истад, Мирзо Одина. Ин ватанфурўшора қатори ҳайвонҳо ҷой додан лозим. Ҳайвон ҷою манзили худро аз душман ҳимоя карда метавонаду ишон не. Ишон аз ҳайвон ҳам батар.
Наход одам хонаву зану бачаашро ба душман гузошта, аз тарафи ў вакил шуда пеши мо ояд, ки шумо ҳам очаву зану духтарора ба омадаҳо бахшед. Молора набуроред, Мирзо Одина. Ҳамаашонро бо ишон гардан ба гардан бандед.
— Шумо нафаҳмидед хаёли мора. Ман мехоҳам, молора гирам аз пеши онҳо. Акнун фаҳмидед?
— Не!
— Шумо аз ҳайвон ҳам нофаҳмтар-ку!? Намехоҳам пати онҳо ба молҳойи ман занад! Акнун фаҳмидед?!
— Волло фаҳмидам... Шумо ҳамин қадар доноед-о?
— Ҳо! Ман доно набошам, чуба меҳмонҳоро ба оғили худатон набурда ба оғили ман овардед?
— Оғили шумо дигар хел. Оғили мо дару занҷир надорад.
— Худораҳматийи додутун ҳам ҳамин хел бепарво буданд.
Халифайи Самҷонӣ қуфл зад дари оғилро.
Исову Маъруфхўҷа ҳама суханҳоро возеҳ мешуниданд. Тааҷҷуб мекарданд, ки гоҳи омаданашон ҳатто дари оғил пўшида набуд; мол ҳам дар зери дарахтон бастагӣ буданд. Онҳоро кушода ба оғил дароварданд. Акнун намойиши саҳнавӣ мегузаронанд баройи уротеппагиҳоро сарзаниш кардан. Онҳо дар торикӣ ҳамдигарро набинанд ҳам, нафаскашийи якдигарро мешунаванд. Зарабони дилро низ. Аммо сўҳбат намекунанд, ки дар паси дар мешунаванд ҳарфашонро.
«Исохўҷа!»
Исо даст ёзида даҳони Маъруфхўҷаро доштанӣ шуд, аммо дасташ нарасид. Каме ғеҷид ҷониби овоз. Гўшакӣ кард:
«Сагро аҷал расад, дар меҳроби масҷид мемезад...»
«Ана ҳамон саг – мо, Исохўҷа! Мани аҷалрасидаро чӣ лозим буд, ки манзили охиратам оғил шавад».
«Ин дарди бахайр... Аз Борайи Сагкуш бояд бим кард».

пешина
аз 421
навбатӣ