Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Пирону кўдакон ва занону духтарон бе ҳомиву бемуттако монда, худ аз худ таслим мегарданд ба русҳо.
Аз ин рў мири тозаҷулуси Масчоҳ Султонбек муваққатан дар Палорак сесад марди ҷангӣ фаро хонда, онҳоро бо милтиқҳойи шаҳрисабзӣ ва теғу шамшери масчоҳӣ мусаллаҳ гардонид. Бо ин қаноат накарда боз дусад сарбози дигар гирифт. Султонпонсад ном бардошта омода ба набард шуд, то Исойи гурезаву кинагирро ба даст орад. Чун ба даст оварад, ду сафедори Самҷонро ба ҳам кашида сар ба сар гардонад. Як линги Исоро дар нўги як сафедор, линги дуввумро дар нўги сафедори дигар баста, якбора ду дарахтро раҳо кунанд, то душманро дулахт гардонад. Чашми душман тарсонад.
Лек оббурдониҳо оварданд, ки лашкари Исо сенздаҳнафара буда, сипоҳи асосийи русӣ аз дунбол меояд. Исо баройи он пештоз шуда, то хўрҷини пул ба даст орад; ба зўрӣ ё ба зарр сари Султонбеку Тўрабекро аз тан ҷудо созад. Афзори ҷангиашон русӣ, зину банди аспонашон ҳам русӣ. Зинҳойи муқаррарийи масчойиҳо барин кўҳаву муттако ё қош надорад, балки оҳаниву чармӣ буда, пордуму пешбанд ҳам дорад, то дар шебу фарозҳо пешу пушт налағзад.
Исо аҳд кард дар дил, ки ба Ярм расида, ҳавлийи Ҳамдамро пайдо карда, девори шикастайи оғилро дар равшанӣ мебинад ва он марди шуҷои роғиро дучор омада, ба дастааш ҳамроҳ мегардонад ва ҳама некийи аз дасташ омадаро мекунад... Аммо аз Оббурдон набаромада гуфтанд, ки мири Масчоҳ Султонбек роғиро дастгир карда, Палорак бурда, зинда-зинда аз сари борайи Сагкуш ба ҷаҳаннам ҳаво додааст.
Ў аввал ғамӣ гашт, сонӣ хашмӣ. Ларзида ваҳшӣ шуд ва лашкар сўйи Палорак кашид.
Масчойиҳо аз Мадрушкат сар карда то наздикиҳойи Оббурдон дар ҳар деҳа дастайи ҷангӣ гузоштанд ва усули набардашонро муайян сохтанд:
— Саросема нашавед. Кордор ҳам набошед. Лекин хеле боэҳтиёт ҷой гиред ва гузоред Исо бо дастааш то Палорак озод ва беҷанг равад. Сонӣ чу шикори сайд иҳота гиред. Дар тангно ё кўрроҳаҳо ҳуҷумовар шуда, зинда дастгираш кунед. Сари сафедор мегардонем.
Ин маслиҳати мир Султонбек буд, ки монанд ба амири Бухор саллаву дастор баста буд ва амр сарбозонро мекард.
Чунон шуд: дастайи хурди Исоро гузарониданд болорў. Аммо то Палорак расидан тоқаташон намонд. Сар карданд ба ҷанг.
Чун онҳо тангиву сою варта ва кўрроҳаҳоро ишғол карда буданд, баробари якбора ҳамлавар шуданашон дастайи Исо, косакуҷомонам, ҳар сўе рост ояд, хешро ба он тараф заданд. Ҷанг на, ҷон ба саломат бурдан чизи асосӣ шуд. Бо вуҷуди он дар убургоҳҳойи танг нисфи ҷанговаронро талаф доданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор