Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чаҳор рус ва ду уротеппагӣ ҷон супурданд ба ҷонофарин. Дар сари пули Ҳотамон, назди осиёби Мадрушкат, андар рустойи Ревомутк кушта шуданд онҳо.
Ва Исо ним лашкар – шаш нафари боқимондаро ҳамроҳ аз хоку марзи Масчоҳ бозпас бурд.

Султонбек пойгаҳро холӣ дониста аз Палорак кўч баст ба Оббурдон. Ва ин деҳайи нисбатан аз дигар рустоҳо фарохтару ҳамвортару сернуфусро пойтахти давлату салтанати хеш хонд.
Оббурдон наздиктар буд ба ағбайи миёни Уротеппаву ин диёр ва ҳар меҳмони хондаву нохонда аз ин кўҳи нисбатан пасттар гузар карда, зудтар ба мақсаду мурод расидан мехост. Инчунин ҳар сипоҳу фавҷу дастае, ки нияти ба даст овардани Масчоҳро дорад, аз ин роҳ убур мекунад. Оббурдон даҳана ё дарвозайи Масчоҳ ба шумор меравад. Ҳар кӣ бошад, хукроҳаву рўбоҳроҳа ва бузроҳаву ҷайрахонаҳоро гузашта, пиёдароҳаҳойи сангрезу овринг ва вартаву ҷару зовҳойи жарфро паси сар карда, аз Фарғар ба ин манзил мегузарад ва дар Оббурдон нафас рост мекунад ё чанде хайма зада боду об, гармову сармойи водиро месанҷад. Чун ба зеҳнаш нишаст ва ба рўҳаш мувофиқ афтод, амалиёташро сар мекунад.
Зимистони соли 1919 камбарф омад. Дар соярў андак-андак барф чанде пояд ҳам, андар офтобрўя намепойид. Гарчи хуршед ба ҷануб хамида буд, бо андак нураш барфи танайи шахҳо ва рўйи сангчолу резҳоро зуб мегардонд. Меҳмонҳойи нохондаро хуш омада буд.
Аксулинқилобчийи туркистонӣ Осипов рў ба Масчоҳ овард.
Насаби хоназотиаш Юсупов буд. Чун Осипов бо замона созгор меафтод, ба ин тариқ гардонд: Осипов. Зеро ҳама гумон мекарданд, ки ў аз ҳукумати Русия омада ва дасти қавию пуштбони муқтадир дорад. Мири Масчоҳ Султонбек бо ҳамин ният ўро пазируфт дар Оббурдон. Ҳамон замон дар саросари мулк даҳон ба даҳон паҳн шуд, ки Осипови туркистонӣ ба ҳимояйи аксулинқилобиюни Масчоҳ омадааст. Рўйи даст бардоштанд ўро. Зеро овоза шуд, ки ў авлиёву назаркарда буда, дар Фарғона дастайи Мадаминбекқўрбоширо ташкилу тарбият кардааст ва Кўри Шермату Эргашқўрбошӣ аз дастпарварони эшонанд.
Пайи қадам ва пойи ўро мебўсидагиҳо низ пайдо шуданд. Осипов ба содаву лода будани кўҳистониён механдид ва аз фурсат истифода бурда роҳату фароғат мекард. Чунин овоза ҳам шуд, ки эшони Юсуф ҷанг намекунанд, вале ба ҷанговарон рўҳу нерў мебахшанд.
Дере нагузашта мўй ҷудо шуд аз хамир:
Баҳорон буд. На танҳо замин нам кашида сабза мерўйид, балки сангҳо низ нам кашида, дар баъзе гузаргоҳҳо варақ-варақ ҷудо гашта, рўйи роҳ меафтоданд; омадшуди роҳиёнро мушкил мегардониданд.

пешина
аз 421
навбатӣ