Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Сангҳойи ғелида ба сари роҳгузарон ғам бор мекарданд.
Дар чунин айём, ки Осипов андар Оббурдон бо ҳар гуна нақшаву тахминҳо ва хаёлҳойи «ояндайи дурахшон» сари мири Масчоҳ Султонбекро гиҷ мекард, хабари дар Фарғона шикаст хўрдани сипоҳи ҳафтсаднафарайи Эргаш-қўрбошӣ паҳн шуд. Лек Осипов андарз мегуфт, ки дастаҳойи таълимдидайи Фарғона ба ҳеҷ ваҷҳ таслим намешаванд, зеро халқон ононро дастгирӣ мекунанд.
Овозаҳо басанда нагашта Эргаш сипоҳашро ба Оббурдон овард.
Чун лашкари бонуфуси Эргаш дар деҳайи Оббурдон намегунҷид, бо маслиҳату машварат дар қўшхонаҳойи деҳоти Масчоҳ сарбозони ўро тақсим карданд ва фармуданд: «ҳар кас тавонаду рўз гузаронад». Онҳо ба аскарони шикастхўрдаву фирорӣ монанд буданд. Харобу лоғар, даридалибос, тиҳипой; ғамзадаву кўфта ва пирона миёнашон хамида буд. Сару рўяшон на ба размиҳо, балки ҳолати ситамдидагонро мемонд: ғуборгирифта, пўсти рўву лабҳо карахшбаста, чанги хокистар бардошта буд. Кўлворашон тиҳӣ ва шикамашон ба пушт часпида буд. «Гушна ба шер задааст» мегуфтанд кўҳистониҳо. Ҳоло мебинанд, ки чун ба талаву тороҷи деҳоти ҷойгирифтаашон пардохтанд. Зеро халқ аз бими онон аз дар бурун намеомад ва шабҳо дарбаста мехобид ва молу ҳолашро ба кўҳ фиристода буд. Ҳути хамбарўби гўсолакуш дар таги суфрайи мардум гарди орд ҳам намонда буд. Меҳмонони нохонда сарборӣ шуданд. Ба аспони лоғару гуруснаашон йему хошок намерасид. Мардум донистанд, ки дар тирдону тиркаши сарбозон тире намонда, осуда нафас мекашиданд, ки дар ҳолати дастбагиребон шудан зўри як деҳа мардон ба даҳ нафар гурезагони нимҷон мерасад.
Аммо гуруснагон ба ғорат ва талаву тороҷи мардум пардохта, ба сўйи Фарғар ҳам нишеб шуда, қурут аз сабади бевазан ва ҳаво аз хаммайи нодор мебурданд. Ҳар чӣ пеш омад, хуш омад, гуфта, чакманҳойи дар сари мехҳо овехта, бўғчайи дар тахмон гузошта, равғани шикамбайи аз овул оварда, сиринҷӣ ё қавурдоқи дар хуму шикамбаҳо ҷойкарда ва ҳама чизе дар чашмашон мехўрду ба дасташон меомад, ғанимат медонистанд. Ин ҷабру ситаме буд бар замми боҷу хироҷ, андози мириву ҳукумати Шўро ва ғорати дутарафа.
Халқи баҷонрасидаро шишайи сабр шикаста буд, шўр бардоштанду исён карданд. Вале зўрашон ба сипоҳи аморати мирӣ нарасида, умед ба лашкари нисбатан одилу халқпарвари Шўроҳо бастанд.
Эргаш чун донист, ки ба умеди ғорати Масчоҳу Фарғар боқимондайи сипоҳаш нобуд мегардад, боз ёди Фарғона кард; пойи кашолашро базўр-базўр пеш монда, бо роҳи ҳамвори дашти Сабағ сўйи музофоти Лайлаки Қирғиз роҳ сипард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор