Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Рафиқ командир! Ман ҳамроҳи ў будам дар Самарқанд.
Мо ҳайрон будем, ки чаро шумо ба роҳбаладиву тарҷумонийи шоир рўйи ниёз овардаед. Ҳол он ки тарҷумонҳойи беҳтар доред, ки гуфтаҳойи Туғралро ба шумо мефаҳмонанд. Ман дунболагир омадам. Агар ў гуноҳ карда бошад, гуноҳи ман аст. Кафолат диҳед то се рўз, бигузор дар ҳамин лаби об бошад, то аз боло ҷавоб омадан...
— Ту кистӣ, ки маро ёд медиҳӣ?
— Гуфтам-ку, ҳамроҳи ў дар Самарқанд будам. Вақте шумо ўро зўран ё маҷбуран ба дастаатон гирифтед, ман аз ў ҷудо шудам.
— Ту низ мехоҳӣ, ки...
— Ба ин пойлучони одамкушӣ омўхта сухан накунед, Мулло Раҷаб. Хоҳ - нохоҳ ман ҳеҷ замонату кафолатро напазирам. Зеро он ҳама таънайи пешониам шавад. Бе ин ҳам дар зиндагиам маро афсона карданд. Ҳукми маргамро худам бояд барорам! Ин ҳақ надорад ба ҳукм кардани ман. Ман сарбоз ё бардайи ў нестам!
«Чӣ мегўяд?»
«Боз ҳамон гап ва андаке илова.»
«Чӣ?!»
«Шумо ҳаққи ҳукм баровардан надоред».
«Пас кӣ ҳақ дорад?!»
«Худи ў».
«Худи ў? Худи ў кист?!»
— Одами озод! Агар ман душмани Ҳукумати Советӣ бошам, камонамро биоваред, то хештан аз даҳон парронам!
— Мо ҳам метавонем аз даҳонат парронем, лекин мо чун ту ноинсоф нестем! Он чӣ қонун мефармояду мебардорад, ҳамонро иҷро мекунем!
— Ҳай-ҳай! Наход ман надонам, ки шумо кистед?! Банда дар муросокорийи задухўрдҳойи миёни аскарони сурху аксулинқилобиюн борҳо дидаам ҷанобашон барин касонро. Лекин онҳо худашонро рўйирост «Сафед» мегуфтанд; дар рўяшон ҳеҷ гуна ниқоб набуд... Шуморо ҳам баъди қатли ман ниқоб аз рўй барафтад, мардум бишиносанд.
— Парронед ин иғвогарро!!!
Вале боз садойи тир набаромад. Туғрал дигар ба командир Шатенин эътиборе надода рў ба шарики дерсолааш овард:
«Мулло Раҷаб! Бародарам! Шумо худатонро беҳуда гаравгон намонед! Дар вуҷуди инҳо бўйи одамгарӣ нест... Ман зинда монам ҳам... нанги ин борро кашида наметавонам:
«Борҳо будам зи ишқи хубрўён чун камон,
Қотиле дўшам ба тир афканд, к-ин бори дигар».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор