Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Дўстам! Ман худамро гаравгон мгузорам. Коре шаваду маро кушанд, шумо зинда мемонед. Боз шеър мегўед. Достони ин рўзҳойи мудҳишро менависад. Ин кор аз дасти дигаре намеояд».
Суде надорад, Мулло Раҷаб! Достон, шеър ба касе лозим набудааст; донистам. «Қасидайи бузургон» навишта ба ин чиз сарфаҳм нарафта будаам. Кунун донистам, ки аз ҷафойи рўзгор оҳ мекашидаанд бузургон. Дунё ислоҳнопазир аст. Он ки некиву озодӣ мехоҳад, зудгир мегаштааст. Агар зинда монам, қасидаро дигаргуна хоҳам навишт. Бузургон ҳамаро як сў гузошта ба шеъргўйӣ дил бастаанд; онҳо сипар донистаанд; дунё дигар карданӣ шудаанд:
«Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем!» Беҳуда. Ҳеҷ чиз дигар нагардад. Ҳатто нияти он хунхор... Замони хунхўрӣ, замони хунрезӣ; чашми офтоб ҳам хунин; замона хунрез! Беҳуда бувад ба гўши хар азон гуфтан! Хирадманд, марди оқилу доноро зарурате нест ба ин дунёйи дун омадан; зеро нахуст тири ноҳақ эшонро гулчин бикунад; бегуноҳонро: Рўдакӣ чӣ ҷурме дошт, ки кўраш карданд? Аз замонаву Оли Сомон сипосгузор буд: «Киро бузургиву неъмат зи ину он будӣ, Варо бузургиву неъмат зи Оли Сомон буд...» Фирдавсӣ чӣ гуноҳе дошт, ки зери пойи филон афканданд? «Шоҳнома» навишт, шоҳони каёниву шоҳаншаҳон бисутуд. Вале касе нагуфт, ки ман Анўшервони Одилам. Ё Рустами Дастонам. Аммо ҳар шоҳ пиндошт, ки Заҳҳоки Морон ё Афросиёб аст ва хашм гирифт ба Фирдавсиву рўҳи ў: «Маро навиштааст Абулқосим...» Абўалӣ муттаҳам бар чӣ буд, ки кўй ба кўй гашт?
Ҳилолиро сангсор карданд, Салмонро ба зиндон андохтанд...
ва лак андар лак чунин ҳукму қатлҳойи худобехабарона! Магар моро рўз диҳанд? Тавба, ки чунин ҳукмҳоро Худованд нафармудааст, балки баччайи Одам бофтааст. Чунон ки гуфтам: «Қасидайи бузургон»-ро дигаргуна бояд набишт; Рўдакивор. Ва фоҷиъайи инсонро аз он бояд сар кард: «Биё инак нигаҳ кун Рўдакиро, Агар беҷон равон хоҳӣ танеро!» Дўстам Мулло Раҷаб, сухан аз ин болотар шавад? Мо ба ҳамин хотир буду шудамонро ба пойи бузургон рехтаем. Лекин бубинед, ки харкаллаҳо чӣ корҳо кунанд бо алломаҳо?! Ҳанўз ҳам ба марги Шоҳин мегирям. Лек марги беаҷали худам ба чашмам намеояд. Шояд аз ҷониби Худованд лутфе шаваду амон диҳад, рангҳойи хуни бузургони оламро рўйи сафҳайи сапед резам ва пас ҳукми марги хешро барорам чунон ки Суқрот. Шумо ин чизро медонед аз рўйи достони Фалотун. Мо чӣ меандешему онҳо чӣ хаёл мекунанд... Чунин будасту хоҳад буд ин ҷаҳон! Ва мо ҳама гуноҳро ба гардани гетӣ бор мекунем, то гарданаш бишканад. Бо ҳамин айби ҷаҳондоронро рўпўш мегардонем; зеро бо онҳо панҷа ба панҷа шудан имкон надорад; сояйи Худо дар рўйи заминанд. Беадабу «номусулмон»-ро ҷой нест дар саҳни ҳаёт, худ аз худ – нохост аз рўйи замин бардошта мегардад.
Аён, ки душмани хирадманд ақлу хиради ўст. Ҳеҷ сарвар нахоҳад, ки зердасташ донотар аз ў бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор