Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

«Ҳолиё чунин бояд шавад... Чашми маро бубанданд, то ҳеҷ чизро набинам. Аз ҳама чиз сер шудаам, ҳатто аз дидори норавшани одам, ки онҳо ба дифоям омадаанд ё ба тамошо? Ана баъд сар мешавад: «Ба ҷойи ту ман мемурдам, намешуд? Чаро моро партофта равӣ? Маро низ бубар ҳамроҳат. Бе ту ин дунё моро ҳаром!!!» Чун садояш касе нашунид, фўтайи дуввум аз миён кушода ба чашмонаш баст.
Пари бозро аз пешкисса бароварда зери камарчайи яктаҳ халонд:
«Дил дар ин ҷо. Тир ин ҷо бизан, то озор набинад... Шумо маро не, Туғралро мекушед; Шоҳини баландпарвозро...» Ин замон аз фалак садойи «Чу!» баромад. «Ин уқоб... ҳамон уқоби нишон гирифта лек напаррондаам... Қадршиносӣ карданӣ. Лек зўраш нарасад. Гарчи чангол гиро дорад, маро чу харгўш ё кабке бардошта бурда натавонад; овони тифлиам гузашта, вазнамро танҳо пойҳойи худам бардорад; аммо душман маро аз пой андохтанӣ.
«Чу!» Ҳай ҷонвар, баландтар баро. Зеро ман аз миёни ин ҳисори сангӣ дунёро дида натавонистам. Чӣ андоза дар орзуйи дидану шинохтани он будам... Аз он баландӣ бубин, ки ман чӣгуна бо чашмони баста ҷанозайи сарҳанги душман - Шатенинро мехонам!
Гарчи ў кофир аст, ман ҷанозаашро мехонам Зеро ў дар ҳолате бимирад, ки кас рўяш набинад!»
Сайҳайи Гули Бодом баромад. Туғрал як қад паррид, ки ҷонвари рамузфаҳм омад. Аз тўҳмати ноҳақ озодаш мекунад. Ҳама гуфтаву кардаҳойи хойин ба рўяш мемонад. Оҳиста даст сўйи фўтайи баста бурд, то кушода пеши чашм рўшан гардонад; дасташ ба фўта расиду бозмонд: «На, дидам ин дунё чист? Бори дигар дидан ҳоҷат надорад; зеро ҳеҷ мурда зинда гашта дунёро дубора наомўхтааст; кори беҳуда; ин дунё ҳамон аст, ки буд. Як рўз. Дигар ҳама такрори он рўз. Умри одамӣ ҳам як рўз; ҳамон рўзе, ки ба дунё омадӣ; мурда будӣ ҳамон рўз. Лекин гирд мегашт гунбади даввор ва дар ойинаҳойи зиёди он ҳамон як рўзро ранга медидӣ...
Дубора набинам хубтар. Аммо ҷонвар сайҳа мекашад мисли уқоб.
Хўрҷинаш бошад ё рабуда бошанд? Саҳнайи мазҳака сохта, фоҷиа бунёд карданӣ бошанд, ҳоҷат ба чашм кушодан нест...» Шайтон васвос кард ё буғзи дилаш гирифт, ки фўтаро дамонд ва андаке суст гашта паст лағзид. Дар сари бора шиғ баста буданд одамон ва сари Гули Бодом метофт.
— Парронед! Оташ!!! – садойи амри сарҳанг буд.
Шиллики камон ва садойи тир ҳам баромад.
Туғрал даст бар сари сина пахш карда калавид. Як бор ба фазо нигарист, ки шоҳин сарозер меравад. Мурғи тирхўрда ҳарчанд кўшиш кунад, ки мувозинатро дар фазо нигаҳ дорад, наметавонад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор